Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср

06.11.2022 17:00, Миср
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср   06.11.2022

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим вориди шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Шарм-уш-Шайх Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Арабии Миср истиқбол гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520