Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими баистифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

25.11.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Омӯзгорони мӯҳтарам ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар ин толор ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии яке аз таълимгоҳҳои бонуфузи мамлакатамон - Донишгоҳи давлатии тиббӣ баъди таъмиру азнавсозии он ҷамъ омадаем.

Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, ин бинои воқеан таърихӣ ва аз нигоҳи санъати меъморӣ пурарзиш чанде пештар бар асари сӯхтор пурра аз истифода баромада буд.

Бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор, инчунин ҳарчи зудтар таъмин намудани раванди таҳсили донишҷӯён аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои барқарор намудани бинои зарардида зиёда аз 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар баробари ин, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, сафоратҳои якчанд кишварҳои дӯст ва шахсони алоҳида барои ҳарчи зудтар анҷом ёфтани корҳои таъмиру сохтмон зиёда аз панҷ миллион сомонӣ кӯмак расониданд, инчунин устодон ва донишҷӯёну кормандони донишгоҳ низ дар суръат бахшидан ба кори азнавсозӣ саҳми назаррас гузоштанд, ки ба ҳамаи онҳо барои чунин иқдоми неку шоиста, амали ватандӯстона ва хайрхоҳонаашон изҳори сипос менамоям.

Дар натиҷаи кӯшиши якҷоя имрӯз бинои асосии донишгоҳ мувофиқи тарҳи пешинаи он таҷдиду таъмир ва бо таҷҳизоти муосиру замонавӣ таъмин карда шуд ва бояд таъкид кард, ки ҳамаи ин корҳо дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расиданд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки номи яке аз мутафаккирон ва табибони барҷастаи миқёси ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро дорад, аз ҷумлаи куҳантарин муассисаҳои таълимии кишварамон буда, фаъолияти худро ҳанӯз соли 1939 бо як факултету шаш кафедра ва 130 нафар донишҷӯ оғоз кардааст.

Имрӯз донишгоҳи тиббӣ маркази ягонаи тарбияи кадрҳои дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки аз 6 факултету 63 кафедра иборат буда, теъдоди умумии донишҷӯёни он 5700 нафарро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар донишгоҳ аз 12 кишвари хориҷӣ зиёда аз 500 нафар толибилмон таълим мегиранд.

Ҳоло фаъолияти таълиму тарбия ва пешбурди корҳои илмиву муолиҷавии донишгоҳ дар доираи факултетҳои тибби умумӣ, муолиҷавӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, ҳамчунин озмоишгоҳи марказии илмиву таҳқиқотӣ, марказҳои захиравии тибби собитшуда, таълимию клиникии стоматологӣ ва иттилоотии маводи доруворӣ сурат гирифта, ҳайати устодону кормандон ба хотири тарбияи мутахассисони ба ниёзҳои ҷомеаи мо ҷавобгӯ пайваста кӯшишу талош дорад.

Донишгоҳ дорои китобхонаи иборат аз 500 ҳазор нусха китобҳои дарсивуадабиёти гуногун ва 7 ҳазор нусха китобҳои электронӣ буда, инчунин дармонгоҳу профилактория, маҷмааи варзишӣ, се хобгоҳ ва се маҷмааи таълимӣ дар хизмати шогирдони он қарор дорад.

Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Ҳукумат дар ин боргоҳи илму маърифат тамоми шароити мусоиди таълимӣ ва иҷтимоиро фароҳам овардааст.

Боиси ифтихори мост, ки дар тӯли таърихи қариб ҳафтодсолаи худ донишгоҳ зиёда аз 30 ҳазор мутахассисони соҳаи тибро ба воя расонидааст, ки онҳо имрӯз натанҳо дар саросари кишвари мо, балки инчунин дар 32 мамлакати дунё бо иҷрои рисолати пуршарафи худ, яъне ҳифзи саломатии одамон машғул мебошанд.

Дар баробари тарбияи кадрҳо ҳайати профессорону устодони донишгоҳ дар пешбурди илми ватанӣ низ саҳми назаррас доранд. Ҳоло дар ин боргоҳи илму маърифат 680 нафар устодону омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 81 нафар доктори илм ва 201 нафарашон номзади илми тиб мебошанд.

Бо истифода аз ин нерӯи бузург вазифаи асосии шумо - омӯзгорон тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос мебошад, зеро натиҷаи фаъолияти илмиву омӯзгории шумо аз рӯи сатҳи дониши шогирдонатон, яъне табибони оянда ва тарзу сифати хизматрасонии онҳо ба мардум арзёбӣ мегардад.

Синои бузург низ рисолат ва фитрати табиброчунин баён кардааст: «Агар шоирон ҳокимони сухан бошанд, табибон фариштагони саломатӣ мебошанд. Зеро шоирон бо сухани хушоянд ба рӯҳи инсон хушҳолӣ мебахшанд ва табибон ҷисми ӯро бо садоқат ва хайрхоҳӣ табобат мекунанд».

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дониста, ҳаҷми маблағгузории соҳа, аз ҷумла донишгоҳи тиббиро танҳо дар се соли охир чандин маротиба зиёд кардааст.

Агар дар соли 2004 маблағи умумии барои донишгоҳ ҷудошуда ҳамагӣ 1 миллиону 340 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 13 миллион сомонӣ расидааст, ки қариб 4 миллион сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Ба хотири таҳкими пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу касбомӯзии шогирдони он минбаъд низ ҳамаи тадбирҳо амалӣ карда хоҳанд шуд.

Дар баробари ин, аз роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону устодон ва ҳар як толибилм тақозо мешавад, ки ба сифат ва сатҳи таълим ҳамчун масъалаи асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ муносибат намоянд ва як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардум ба шумо қиматтарин сарвати худ, яъне саломатиашро бовар мекунад ва бо умед ба назди шумо меояд.

Лекин тавре аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, дар фаъолияти донишгоҳ баъзе норасоиҳо мавҷуданд, ки ислоҳу бартарафсозии онҳо вазифаи ҳар кадоми шумо - роҳбарони Вазорати тандурустӣ, донишгоҳ ва омӯзгорону кормандони соҳа мебошад.

Такроран таъкид месозам, ки норасоии асосӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ - пеш аз ҳама ба шароит ва талаботи замонаи пешрафт пурра ҷавобгӯ набудани сатҳи дониш ва омодагии касбии кадрҳои ҷавон мебошад.

Ҳарчанд мутобиқи нақша аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол ба донишгоҳ 600 нафар довталабон қабул карда мешаванд, вале талаботи аҳолӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳанӯз ҳам хеле зиёд аст.

Ғайр аз ин, чандин ихтисосҳои тиббиро номбар кардан мумкин аст, ки имрӯз соҳаи тандурустии мамлакат ба онҳо эҳтиёҷи зиёд дорад ва бо дарназардошти талаботи воқеии ҷомеа ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тарбияи мутахассисон пеш аз ҳама дар дохили мамлакат ва дар сурати зарурат дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад.

Махсусан, кадрҳои баландихтисос барои табобати бемориҳои сил, нашъамандӣ, генетикаи тиббӣ, ташхиси лабораторӣ, ҷарроҳии даруннигарӣ, трансплантология, дорушиносӣ ва хизматрасонии техникаи тиббӣ номгӯи нопурраи ихтисосҳое мебошад, ки пешрафти тибби муосир ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии мамлакат бе тарбияи мутахассисони ин соҳаҳо ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади ташкили дурусти раванди омода кардани мутахассисон ва тарбияи кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои зикршуда тавассути пешбинӣ кардани маблағҳои мақсаднок тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дарназардошти талаботи кишвар ба ихтисосҳои мушаххас то моҳи июли соли 2009 механизми нави банақшагириро барои даҳ соли оянда таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳоло нақшаву барномаҳои таълимии донишгоҳ дар асоси меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти олӣ аз нав таҳия карда шудаанд ва вазифаи раёсати донишгоҳ аз он иборат аст, ки бо татбиқи амалии онҳо сифати таълимро ба таври ҷиддӣ баланд бардошта, ҳамзамон бо ин, пайванди воқеии назария ва амалияро таъмин намояд.

Ба ақидаи мутахассисон, яке аз сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани сифат ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби хатмкунандагони донишгоҳ дар оғози фаъолияти тахассусии онҳо ҳамбастагии сусти таълими назарӣ ва амалии шогирдон мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва амалии донишҷӯён ба Вазорати тандурустӣ ва раёсати донишгоҳ зарур аст, ки дар бораи истифодаи васеъ ва самарабахши пойгоҳи клиникии муассисаҳои табобатӣ, пеш аз ҳама дар шаҳри Душанбе тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Масъалаи дигари муҳим таъмин намудани донишҷӯён бо ҷои зист мебошад.

Чунки ҳоло дар донишгоҳ илова ба садҳо нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманди хобгоҳ фақат аз ҳисоби квотаи президентӣ 440 нафар ҷавонону духтарон аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистони кишвар ва 517 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ҳамаи онҳо ба ҷои зист эҳтиёҷ доранд.

Бо дарназардошти ин масъала, ба вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби озод кардани собиқ хобгоҳҳои Донишгоҳи тиббӣ масъалаи барқарор намудани шабакаи хобгоҳҳои донишгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳалли ин мушкилот тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар шароити кунунии рушди мамлакат дорусозӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад.

Чунки то имрӯз ба кишварамон доруҳои пастсифату қалбакӣ бисёр ворид шуда, ба ҷои ҳифзи саломатии аҳолӣ, баръакс, ба мардум зарари ҷисмонӣ ва молиявӣ мерасонанд.

Бо мақсади пешгирии ин раванди номатлуб ҳанӯз соли 2006 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, асбобҳои тиббӣ, ки ҳангоми воридот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд”, қабул шуда буд, вале то ба ҳол воридоти доруҳои пастсифат бо роҳу василаҳои гуногун, аз ҷумла қочоқ идома дорад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои он, инчунин ба Хадамоти гумрук зарур аст, ки оид ба ҳалли ин масъала чораҳои қатъӣ андешанд.
Илова бар ин, Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори он якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадоранд, ки минбаъд ба масъалаи парвариш ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, фурӯши онҳоро дар дорухонаҳои мавҷуда ё бо роҳи ташкили дорухонаҳои махсус васеъ ба роҳ монанд.

Инчунин, бо дарназардошти зарурати густариш додани бахши гиёҳдармонӣ дар Донишгоҳи тиббӣ бояд фанни алоҳида бо истифода аз мероси тиббии ниёгон, аз ҷумла асарҳои Ибни Сино ҷорӣ карда шавад. Ба назари ман, бо ҳамин роҳ Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои пурқуввати соҳаи мазкур табдил додан мумкин аст.

Зеро кишвари мо махзани гиёҳу маъданҳои зиёди табобатӣ мебошад ва дар қатори дигар ихтисосҳои тиббӣ касби дорусозӣ низ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши муҳим бозида метавонад.

Ғайр аз ин, бо мақсади тавсеаи минбаъдаи соҳаи мазкур ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки дар доираи татбиқи «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар солҳои 2006-2015» бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисоси бахши дорусозӣ иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинигардидаро таъмин намояд.
Тавре гуфта шуд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаву мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ ҳамаи чораҳои имконпазирро меандешад.

Ҷавонони кишвар, аз ҷумла шумо – донишҷӯён ҳамеша бояд дар хотир дошта бошед, ки вазифаи шумо бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлат баробари омӯзиши забони модарӣ, таърихи пурғановат ва фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёдамон омӯхтани илму дониш ва азхуд кардани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир мебошад.

Зеро илм фитрати инсонро равшан мегардонад ва доираи андешаро вусъат мебахшад. Аз ин рӯ, андӯхтани илму дониш ва соҳибмаърифату соҳибкасб шудан барои ҳар як инсон ва пеш аз ҳама ҷавонон зарурати ҳаёт ва талаби замон аст.

Хусусан шумо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ, ки оянда бо ҳаёт ва саломатии инсон сару кор мегиред ва ба хотири ҳифзи саломатии мардум кор мекунед, ҳоло фурсатро ғанимат дониста, бояд нозукиҳои илми тибро ҳамаҷониба азхуд намоед ва мутахассисоне шавед, ки минбаъд ба халқу Ватан хизмати шоиста карда, барои ташаккули ҷомеаи солим саҳми арзанда гузошта тавонед.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҳоло, ки мо дар маркази тарбияи кадрҳои тиббӣ қарор дорем ва ба чорабинии имрӯза ҳамаи роҳбарони соҳаи тандурустиро аз вазорат ва сохторҳои он то сардухтурони беморхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳоро даъват кардаем, мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб доир ба вазъи имрӯзаи соҳаи тандурустӣ, проблемаву мушкилот ва дурнамои он баъзе андешаҳои худро иброз намоям.

Мо масъалаи ҳифз ва таъмини тандурустии аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити заруриро ба хотири ташкили тарзи ҳаёти солим, яъне тарбияи насли солим ва ташаккули ҷомеаи солим ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат дониста, бо дарназардошти ин, соҳаи тандурустиро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли худ эълон кардаем.

Аз ин рӯ, барои татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сол ба сол зиёд карда истодаем.

Масалан, танҳо дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ шаш маротиба афзоиш ёфта, соли ҷорӣ ба 255 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2007-ум 62 фоиз зиёд мебошад.

Дар буҷети соли оянда барои соҳа дар ҳаҷми 395 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли ҷорӣ 55 фоиз зиёд мебошад.

Илова ба маблағҳои буҷетӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беҳбудии шароити беморхонаву дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, гузариш ба усулҳои нави хизматрасонии тиббӣ маблағҳои зиёди қарзӣ ва грантҳо низ истифода шуда истодаанд.

Ҳоло ҷиҳати рушди соҳаи тандурустии кишвар барномаву лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар се соли оянда барои рушди соҳа аз ҳамаи сарчашмаҳо қариб ду миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Дар давоми 17 соли истиқлолият бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва инвеститсионӣ зиёда аз 700 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Дар баробари ин, барои рушди минбаъдаи тибби хусусӣ қариб ба 300 нафар шахсони ҳуқуқӣ иҷозатнома дода шудааст, ки ин раванд метавонад ҳаққи интихоб ва рақобати солимро ба вуҷуд оварад.

Лекин дар айни ҳол қисми зиёди онҳо танҳо бо корҳои ташхисӣ машғуланд, ки мушкилоти соҳаро дар маҷмӯъ ҳал карда наметавонанд.
Ҳол он, ки барои рушди тибби хусусӣдар Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, вале бо вуҷуди ин, пешрафте, ки мо аз тибби хусусӣ интизор будем, то ба ҳол таъмин нашуда истодааст.

Бинобар ин, ба вазоратҳои тандурустӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ супориш дода мешавад, ки масъалаҳои вобаста ба тибби хусусиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодоти худро дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намоянд.

Имрӯз дар як қатор беморхонаву дармонгоҳҳои мамлакат бори аввал таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ барои ташхису табобат, усулҳои ҷарроҳии мураккаби дил ва рагҳои хунгард, гузоштани буғумҳои сунъӣ ва ҷарроҳии даруннигарӣ насб гардидаанд ва ин имконият медиҳад, ки табобати қисми зиёди беморон дар кишвари худамон анҷом дода шавад ва хеле маблағҳои онҳо сарфа гарданд.

Бояд гуфт, ки чанд сол пештар дар қаламрави мамлакат таҷҳизоти томографияи компюптерӣ умуман мавҷуд набуд ва беморон барои ташхис асосан ба хориҷи кишвар мерафтанд.

Ҳоло дар муассисаҳои тандурустии мамлакат барои ташхис ва табобати бемориҳои мушкил 7 адад чунин таҷҳизот харидорӣ ва насб карда шуд, ки онҳо имконияти ташхиси дурусти бемориҳоро фароҳам оварда, мушкилоти мардумро хеле осон карданд.

То ба имрӯз ҳодисаҳое ба назар мерасанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои ташхисҳои ҷузъӣ, аз ҷумла ташхиси хун ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, ҳол он ки дар дохили кишвар имкониятҳои воқеии дар сатҳи муосир таъсис додани Маркази миллии ташхиси хун вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ вазифадор карда мешавад, ки масъалаи мазкурро омӯхта, хулосаву мулоҳизоти худро доир ба ташкили чунин марказ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар фаъолияти соҳаи тандурустӣ ҳанӯз ҳам самаранок истифода нагардидани маблағҳои барои соҳа ҷудошуда мебошад.
Чунин вазъ пеш аз ҳама аз Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тақозо менамояд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои ғайридавлатӣ ва сифати татбиқи лоиҳаҳоро беҳтар ба роҳ монанд.

Ба шумо маълум аст, ки Ҳукумати кишвар солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳо доир ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳифзи сиҳатии мардум ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.

Махсусан, Стратегияи давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010 ва Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи санадҳои бунёдие мебошанд, ки бояд ба рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшанд.

Вобаста ба иҷрои вазифаҳои стратегии ҳуҷҷатҳои зикршуда, вусъат додани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ солҳои охир як силсила барномаю нақшаҳои дигаре низ қабул карда шуданд, ки мақсади ягона аз қабули ҳамаи онҳо беҳбудӣ бахшидан ба вазъи умумии соҳа мебошад.

Аз ҷумла, Ҳукумати мамлакат соли ҷорӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015» ва «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар давраи то соли 2014»-ро тасдиқ кард, ки муқаррароти ҳарду санад ба фароҳам овардани шароити мусоиди ҳифзу беҳдошти саломатии табақаҳои осебпазири аҳолӣ – модарон ва кӯдакону наврасон нигаронида шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, барои расонидани кӯмаки алоҳида ва махсус ба кӯдакон дар заминаи Институти илмиву тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ду сохтори мустақил - Маркази ҷумҳуриявии илмиву клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона ва Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон таъсис дода шуд.

Вале бо вуҷуди ин, дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҳанӯз ҳам дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат норасоиву мушкилот, аз ҷумла сатҳи пасти фарогирии модарон ва кӯдакони навзод бо хизматрасонии тиббӣ ва нарасидани мутахассисони ин бахш вуҷуд доранд.
Тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ масъалаи фавти модару кӯдак дар омори расмӣ то ба ҳол ба таври воқеӣ инъикос намеёбад, ки ин боиси ташвиш мебошад.

Ҳарчанд вақтҳои охир нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак дар мамлакат ба андозаи 3 фоиз паст шудаанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имконияти пешгирӣ кардани аз се ду ҳиссаи ҳодисаҳои фавти модарон вуҷуд дорад.

Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки корҳоро дар ин самт пурзӯр намуда, доир ба беҳтар кардани хизматрасонии тиббии модару кӯдак тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳоло барои таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқии тибби оилавӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи тибби оилавӣ» таҳия гардидааст ва он таҳти баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Бо мақсади ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисони муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳри Хоруғ Маркази таълимиву клиникии тибби оилавӣ ва дар шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Рашт шӯъбаҳои байниноҳиявии таълимиву клиникии тибби оилавӣ ташкил карда шудаанд. Кушодани чунин марказҳо дар якчанд ноҳияҳои дигар низ ба нақша гирифта шудааст.

Лекин сарфи назар аз чораҳои зикршуда ва маблағҳои зиёди инвеститсионии ҷудогардида пешрафти тибби оилавӣ дар миқёси кишвар ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Дар бисёр маҳалҳо тибби оилавӣ фақат ба ном вуҷуду дораду халос.

Масалан, дар 10 соли охир ғайр аз маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати мамлакат боз 4 лоиҳаи инвеститсионӣ дар самти тибби оилавӣ бо маблағи 240 миллион сомонӣ татбиқ шудааст, ки як қисми ин маблағҳо барои тайёр кардани табибони оилавӣ равона гардидаанд.

Вале ҳарчанд ки талаботи кишвар ба табибони оилавӣ зиёда аз 5000 нафар ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ 11 ҳазор нафар мебошад, аз соли 1998 то имрӯз мутаносибан 1300 ва 1470 нафар чунин мутахассисон тайёр карда шудаанд.

Илова бар ин, мехоҳам зикр намоям, ки танҳо дар соли 2008-ум 537 нафар – баробар бо 41 фоизи нақша табибони оилавӣ тайёр карда шудаанд. Яъне агар ҳар сол ҳамин миқдор мутахассис тайёр карда мешуд, масъалаи мазкур аллакай ҳаллу фасли худро меёфт.

Аз тарафи дигар, аз шумораи умумии мутахассисони ин бахш 390 нафар табибони оилавӣ ва 430 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, ки давлат барои омӯзонидани ҳар кадоми онҳо зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ сарф кардааст, бо сабабҳои гуногун аз кор рафтаанд.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ба тарзи шартномавӣ омода намудани мутахассисони ҷавон чораҳои муассир андешанд.

Дар доираи ислоҳоти соҳа татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо кӯмаки тиббиву санитарӣ шурӯъ гардид, ки тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ ва таъминоти он бо мутахассисон ва кӯмаки ройгони аввалияи тиббиву санитарӣ, инчунин пардохти якҷояи ҳаққи он сурат мегирад.

Татбиқи барномаи мазкур имконият медиҳад, ки сифат ва дастрасии хизмати тиббӣ ба аҳолӣ, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва шаффофияти фаъолияти молиявии муассисаҳои давлатии тиббӣ таъмин карда шавад.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки дар хусуси марҳала ба марҳала дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди татбиқ қарор додани барномаи зикршуда тадбирҳо андешад.

Ҳамчунин дар асоси ислоҳоти сохтории соҳаи тандурустӣ чанде пеш бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат се сохтори алоҳида - Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, инчунин Хадамоти назорати санитариву эпидемиологӣ таъсис дода шуданд.

Ин муассисаҳои навтаъсис ҳамчун мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ фаъолияти худро бояд аз тариқи назорату санҷиши кори муассисаву корхонаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватаниву хориҷии тиббӣ ва фармасевтӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо дар самти хизматрасонии хушсифати тиббӣ ва таъминот бо доруворӣ анҷом диҳанд.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки ваколатҳои ба мақомоти мазкур додашуда набояд таҷрибаи мусбати хизматрасонии тиббии босифатро аз ҷониби муассисаҳои ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида маҳдуд намояд.

Дар ҷаҳони имрӯза соҳаи тандурустӣ фаъолияти худро илова ба маблағгузории давлатӣ аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ, яъне низоми суғуртавӣ ё хусусии тиббӣ низ амалӣ мегардонад. Таносуби маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ ба сатҳи тараққиёти мамлакат ва арзишҳои ҷамъиятиву афзалиятҳои миллӣ вобастагии зич дорад.

Бояд таъкид кард, ки имрӯз беморону эҳтиёҷмандон натанҳо дар шабакаҳои хусусии тиббӣ, балки дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ низ ба тибби пулакӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ рӯз ба рӯз пардохтҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқонунӣ афзуда, барои рушди сохторҳои давлативу хусусии тиббӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Дар чунин вазъият давлат ҳуқуқ дорад, ки дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ барои ба тартиб даровардани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, барасмиятдарории муносибатҳои байни бемор ва духтур дар муассисаҳои давлатӣ илова ба кӯмаки ройгони тиббӣ хизматрасонии тиббии пулакиро иҷозат диҳад.

Ва муассисаҳои тандурустиро лозим аст, ки шаҳрвандонро бо кӯмаки муқарраршудаи тиббии ройгон, маълумоти дастрасу дақиқ вобаста ба низоми корӣ, номгӯи хизматрасонии пулакӣ бо нишондоди арзиш ва шароити гирифтани он, имтиёзҳои табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва сатҳи тахассусии кормандон таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки дар кишварамон ҳанӯз низоми таъин ва муайян намудани андозаи нафақаи маъюбӣ низ номукаммал аст.

Дар робита ба ин, ба вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ ва молия зарур аст, ки масъалаи муқаррар намудани ҳадди ниҳоии андозаи нафақаи маъюбиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

Тибқи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» дар муассисаҳои тиббии 15 шаҳру ноҳияи мамлакат то охири соли 2008 бояд тағйироти сохторӣ ворид карда шаванд.

Илова бар ин, имрӯз дар қаламрави кишвар баъзе муассисаҳои тиббие ҳастанд, ки сохтори онҳо бояд хеле барвақт таҷдид ё ихтисор мешуданд, лекин масъулони соҳа, ҳатто дар пойтахти кишвар то ҳол ба кашолкорӣ роҳ дода истодаанд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳарчи зудтар ба талаботи замона мутобиқ намудани сохтори муассисаҳои тандурустӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Проблемаи дигари соҳаи тандурустӣ - вазъи эмкунӣ ё вогирии бемориҳои сироятие мебошад, ки паҳншавии вусъатёбандаи онҳо боиси ташвишу изтироби ҷомеа гаштааст.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар ин самт чандин барномаву лоиҳаҳои милливу соҳавии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, сил, диабети қанд, вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ мунтазам амалӣ шуда истодаанд.

Махсусан, дар доираи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2003-2010 ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 3 баробар афзуда, 12 адад дастгоҳи ренгенӣ, 53 адад нақлиёти санитарӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда, зиёда аз сад ҳуҷраи ташхиси микроскопӣ ташкил гардид.

Ҳамзамон бо ин, 3 марказ ва 4 беморхонаи махсус бунёд ва 51 лаборатория аз таъмир бароварда шуд. Ҳоло таъмиру азнавсозии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемории сил бо истифодаи қариб 50 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.

Вале бо вуҷуди чораҳои андешидашуда ва афзоиши маблағгузории барномаи мубориза бар зидди бемории сил мушкилот дар ин бахш то ҳанӯз зиёданд ва вазъият ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад. Масалан, вазъи беҳдоштиву вогирии як қисми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, бахусус ноҳияи Восеъ аз даврони собиқ Шӯравӣ то имрӯз боиси нигаронӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоту сохторҳои дахлдор барномаи нави мубориза бар зидди бемории силро бо дарназардошти чорабиниҳои пуртаъсири пешгирӣ ва табобати шакли мутобиқгаштаи он, аз ҷумла алоҳида барои ноҳияи Восеъ ва минтақаҳои атрофи он таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дӯстони азиз!

Маълум аст, ки рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ба кадрҳо ва сатҳу сифати дониш ва таҷрибаи онҳо иртиботи бевосита дорад.

Вале натиҷаи аттестатсияе, ки дар айни ҳол Вазорати тандурустӣ гузаронида истодааст, нишон медиҳад, ки ҳатто баъзе роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, сарфи назар аз таҷрибаи зиёди корӣ, маҳорати кофии касбӣ, сиёсӣ ва ташкилотчигӣ надоранд.

Муайян карда шудааст, ки ҳоло зиёда аз 25 фоизи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ба вазифаи ишғолкардаашон мувофиқат намекунанд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки ҳамчун мақоми масъули соҳа ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, хусусан кадрҳои ҷавон диққати ҷиддӣдиҳад.

Дар айни замон, бо мақсади тақвияти фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар маҳалҳо ба вазоратҳои тандурустӣ ва молия супориш дода мешавад, ки дар бораи ташкил намудани шӯъбаҳои тандурустӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди шумораи кормандони мавҷудаи маҳалҳотадбирҳо андешанд ва таъиноти роҳбарони онҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шавад.

Имрӯз дар муассисаҳои тиббии мамлакат зиёда аз 13 ҳазор табибон кор мекунанд, яъне нишондиҳандаи таъминоти 10 ҳазор нафар аҳолӣ 19 нафар табибонро ташкил медиҳад.

Лекин дар бисёр маҳалҳо ин нишондиҳанда ҳоло ҳам хеле паст буда, дар аксари ноҳияҳои мамлакат аз 6 нафар кам мебошад. Дар 25 шаҳру ноҳияи кишвар нарасидани мутахассисони соҳаҳои наркологӣ, рӯҳшиносӣ, инчунин бемориҳои дил ва сил шадидан эҳсос мешавад, ки чунин вазъият андешидани чораҳои ҷиддиро тақозо менамояд.

Имсол ҳангоми имтиҳоноти қабул дар донишгоҳи тиббӣ ба довталабони ноҳияҳое, ки дар онҳо таъминот бо табибон дар сатҳи паст қарор дорад, имтиёз дода шуд. Ин иқдом, албатта, хуб аст.

Ин яке аз роҳҳои ҳалли мушкилот аст ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари ҳалли масъалаи мазкур бошанд.

Масъалаи дигаре, ки бояд ҳарчи зудтар ҳал карда шавад, мувофиқи роҳхат ба ҷои кори таъиншуда ҳозир шудани мутахассисони ҷавон мебошад.

Дар се соли охир ба ҳисоби миёна танҳо 37 фоизи мутахассисони ҷавон дорои маълумоти олии касбӣ ба ҷойҳои кории худ рафтаанд, ки ин моро қаноатманд намесозад.Ҳатто баъзе донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд, ба ҷои кори таъиншуда нарафтаанд.

Набудани дастгириву ҳавасмандкунии хатмкардагони донишгоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар бобати ташкили шароити зист яке аз сабабҳои чунин ҳолат мебошад.

Бинобар ин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки барои ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ, ки баъди хатми донишгоҳ ба маҳалҳо фиристода мешаванд ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои онҳо чораҳои муассир андешанд.

Таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони миёнаи тиббӣ низ дар сатҳи начандон қаноатбахш ба роҳ монда шудааст, ҳол он ки аксари вазифаҳои табобатӣ ва пешгирии бемориҳо ба фаъолияти ҳамшираҳои тиббӣ вобастагии зиёд дорад.

Дар 17 соли истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои миёнаи касбии тиббиро зиёда аз 56 ҳазор нафар ҷавонон хатм кардаанд, вале имрӯз қисми зиёди онҳо бо сабабҳои гуногун дар тибби амалӣ фаъолият намекунанд, ки ин хеле ташвишовар мебошад.

Умуман, дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо кормандони дорои таҳсилоти миёна аз 45 то 60 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти чунин вазъият, имсол дар 36 шаҳру ноҳияи мамлакат аз ҳисоби коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ дар назди беморхонаҳои марказӣ гурӯҳҳои мақсаднок кушода шуданд, ки онҳо барои ҷавондухтарон ҳам шароити хондан ва ҳам кор карданро дар ноҳияҳои худашон фароҳам меоранд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки сатҳи дониши шогирдони таълимгоҳҳои соҳавии ҳамаи зинаҳо ва ба роҳ мондани омӯзиши ихтисосҳои навбеҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии толибилмони муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, қабули довталабон аз маҳаллу ноҳияҳои бо табибон камтаъмин, мутобиқ гардонидани таҳсилоти тиббию фармасевтӣ ба стандартҳои давлативу байналмилалӣ ва бозомӯзии мутахассисон чанде пештар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи муқаррароти санади мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

Дар робита ба масъалаи таъминоти соҳа бо кадрҳо мехоҳам як масъалаи дигарро хотирнишон намоям: имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 115 нафар доктор ва қариб 500 нафар номзадҳои илми тиб кору фаъолият доранд.

Синну соли миёнаи номзадҳо ва докторҳои илми то 35 - сола мутаносибан 13,5 ва 1,5 фоиз ва аз 50 - сола боло 39 ва 77 фоизро ташкил медиҳад.
Чунон ки дида мешавад, дар ин масъала нишондиҳандаҳо қаноатбахш нестанд.

Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълими тиббӣ зарур аст, ки дар бобати тарбияи олимони ҷавон чораҳои муассир андешида, ин масъаларо доим дар маркази диққат қарор диҳанд.

Имрӯз соҳаи тандурустии мамлакат 13 муассисаи илмиву тадқиқотии тиббӣ дорад, ки аз онҳо 12 муассиса тобеи Вазорати тандурустӣ ва як муассиса дар тобеияти Академияи илмҳо мебошад.

Дар муассисаҳои илмиву тадқиқотии зикршуда 11 нафар аъзои пайваста ва вобастаи илми тиб кор мекунанд. Ба андешаи мо, мувофиқи мақсад аст, ки ҷиҳати таъмин кардани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои илмии соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ, беҳтар ба роҳ мондани роҳбарӣ ба соҳаи хизматрасонии тиббӣ, солимгардонии аҳолӣ, пайванди амиқтари назарияи илми тиб бо амалияи табобат, татбиқи дастовардҳои илми муосир ва усулҳои нави ташхису табобат, дар маҷмӯъ такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илми тиб ва умуман соҳаи тандурустӣ дар кишварамон Академияи илмҳои тиббӣ ташкил карда шавад.

Шумо, ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки пайванди илм, яъне назария бо фаъолияти амалии ҳаррӯза, хусусан дар соҳаи тиб яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти кор аст. Ҳамасола аз ҷониби кормандони илмии соҳа рисолаҳои зиёд ҳимоя мегарданд, вале чунон ки аз таҳлилҳо бармеояд. натиҷаи қисми зиёди онҳо дар амалияи тиббӣ татбиқ карда намешаванд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва муассисаҳои илмии он зарур аст, ки барои татбиқи амалии дастовардҳои илмии олимони ватанӣ, инчунин ҷорӣ кардани усулҳои нави ташхис ва табобати аз ҷиҳати илмӣ исботшуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Зеро татбиқи усулҳои самараноку замонавии ташкили хизматрасонии тандурустӣ, истифодаи васеъ аз имкониятҳои тибби муосир ва дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, таҳия ва мавриди истифода қарор додани стандартҳои пешрафтаи ташхис ва табобати беморон, ҷорӣ намудани усулҳои нави маблағгузории соҳа, аз қабили маблағгузории сарикасӣ, зина ба зина гузаштан ба маҷмӯи хизматрасониҳои пулакӣ ва дар баробари ин, тавсеаи барномаҳои кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди муассисаҳои тандурустии хусусӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба талаботи замона ва ниёзмандиҳои аҳолӣ мутобиқ намудани сохтори тандурустӣ дар маҷмӯъ ба рушди устувори низоми тандурустӣ ва торафт беҳтар шудани саломатии мардум мусоидат хоҳад кард.

Масъалаи дигаре, ки таҳти таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад, бо дарназардошти талаботи рӯз зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳа мебошад. Бинобар ин, аз соли 2005-ум дар соҳаи тандурустӣ ислоҳоти музди меҳнат гузаронида шуда истодааст.

Бо мақсади дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳа ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низомномаи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Соли равон маоши кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 70 фоиз ва дигар муассисаҳои тандурустӣ 50 фоиз зиёд карда шуд ва мо ният дорем, ки ин равандро минбаъд низ идома диҳем.

Ҳоло мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як падидаи нангини ҳаёти ҷомеа, ки аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ низ ба мушоҳида мерасад, ҷалб намоям. Бо вуҷуди дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои тиббии мамлакат ҳанӯз ҳодисаҳои тамаъҷӯӣ, яъне аз беморону корафтодагон талаб намудани маблағ ба назар мерасанд.

Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки маблағҳои барои пардохти музди меҳнат ҷудошударо тасарруф кардаанд.

Масалан, кормандони масъули беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд бо роҳҳои ғайриқонунӣ маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомониро тасарруф кардаанд. Ё ин ки яке аз табибони беморхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки 30 сол собиқаи корӣ дорад, барои ҷарроҳӣ намудани талхадон аз бемор 300 доллари амрикоӣ ришва гирифтааст ва барои ин кирдори худ бо ҳукми суд ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пештар сармутахассиси беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Тағоев А. ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 600 доллари амрикоӣ барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани ду нафар даъватшаванда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид, ки ҳоло тафтишоти кирдори ӯ идома дорад.

Бо мақсади аз байн бурдани чунин аъмоли номатлуб Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди тибби хусусӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Ҳоло масъалаи дар муассисаҳои тиббӣ ва дар навбати аввал дар бахшҳои ёрирасони онҳо марҳала ба марҳала ҷорӣ намудани хизматрасонии пулакӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳадафи асосӣ аз ҷорӣ кардани чунин усули хизматрасонӣ қонунӣ гардонидани пардохтҳои ғайрирасмӣ, аз байн бурдани ҳодисаҳои тамаъҷӯӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ мебошад.

Илова бар ин, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Агентии назорати давлатии молиявии назди Президенти Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои барои муассисаҳои тандурустӣ ҷудошударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ дар маҳалҳо, яъне сардухтурони беморхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар ин толор ҳузур доранд, таъкид месозам, ки арзу шикояти мардум аз тарзи фаъолияту корбарии кормандони шумо зиёд аст. Бинобар ин, ҳар кадоми шумо низ вазифадор ҳастед, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои имрӯза нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода, ба хотири ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиҳо кӯшиш намоед.

Ҳамчунин ба Вазорати тандурустӣ, Кумитаи радио ва телевизион супориш дода мешавад, ки бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа ва имкониятҳои ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои мамлакат ташкил кардани барномаҳои махсусро доир ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, усулҳои дастраси пешгирии бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ ва умуман баланд бардоштани маърифати беҳдоштии аҳолиро васеъ ба роҳ монанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Касбҳои табиб ва муаллим аз ҷумлаи касбҳои пурифтихор ба шумор мераванд, чунки яке бо табобату тарбияи бадан ва дигаре бо тарбияву такмили маънавиёти инсон машғуланд.

Аз ин рӯ, бояд соҳибони ин ду касби муқаддас ҳамеша дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошанд.

Шумо – табибони гиромӣ, ворисони ҳақиқии нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино мебошед, ки китоби машҳури ӯ «Қонуни тиб» ҳанӯз дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, асрҳои зиёд ҳамчун китоби рӯимизии табибони олам хизмат кардааст.

Бо дарназардошти ин нукта, ҳар яки шумо бояд шарафи касбии худро ҳифз карда, бо фаъолияти содиқонаву софдилонаи хеш барои бақовуҳастии миллат, яъне ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда ва шоистаи худро гузоред.

Зеро ҳар кадоми шумо баъди хатми донишгоҳи тиббӣ савганди касбӣ ёд мекунед, ки рисолати хеш - табобат ва ҳифзи саломатии инсонро ба зимма гирифта, онро софдилона ва беғаразона иҷро менамоед.

Бо саломатии инсон сарукор доштан масъулияти бузург аст ва мо умедворем, ки бо дарки чунин масъулият аз донишҷӯ то мутахассиси баландпояи соҳаи тибби кишвар ин рисолати худро мувофиқи қасами ёдкардаи касбӣ сидқан адо мекунанд.

Вобаста ба ин, тамоми ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро зарур аст, ки саъю талоши худро пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сифати корҳои таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ва азхудкунии амиқи донишҳои муосири тиббӣ равона сохта, барои торафт беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва беҳдошти тандурустии мардум саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои навбунёди таълимиро ба устодону донишҷӯён ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳату хонаи обод, рӯзгори осудаву барори кор орзу менамоям.

Сарбаланду саодатманд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520