Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими баистифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

25.11.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Баъди шиносоӣ бо шифохонаи марказии Гвардияи Миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора ба истифода супурда шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки аз ин биноҳои донишгоҳ пас аз сӯхтори шадиди 26 декабри соли 2007 рухдода, ғайр аз чор девори дудзада дигар чизе боқӣ намонда буд.

Дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 11 моҳ ин биноҳо барқарор ва аз пештара дида хеле ободу зебо ва муҷаҳҳазу мураттаб шудаанд. Мавриди таъкид аст, ки аз ин 11 моҳи барқарорсозӣ беш аз се моҳаш бо бартарафсозии осори сӯхтор сипарӣ шудааст.

Танҳо барои сохтмону барқарорсозии биноҳо бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сарф шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълимии навбунёд дар донишгоҳ аз наздик шинос шуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд. Зимни сӯҳбатҳо зикр гардид, ки соли равон ба донишгоҳ бо беш аз 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағҳои хайриявии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ва шахсони алоҳида техникаю таҷҳизоти гаронарзиши таълимӣ, таҷрибавӣ ва ташхисию муолиҷавӣ ворид карда шудааст, ки метавонанд ба болобарии сифати таълим ёрӣ расонанд.

Ба китобхонаи электронии донишгоҳ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гашт. Зикр гардид, ки ин китобхона дорои 70 компютер аст ва ҳар яки он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Дар донишгоҳ боз 6 синфхонаи дигари компютерӣ аст, ки онҳо ҳам боИнтернет ва китобхонаи электронӣ пайваст гаштаанд. Ҳамагӣ 135 компютери ба Интернет пайвастшуда барои донишҷӯён пешкаш гаштааст.

Китобхонаи электронии донишгоҳ бо ҳамин гуна китобхонаҳои бузургтарин муассисаҳои олии таълимии давлатҳои хориҷӣ робита ба роҳ монданӣ аст. Имрӯз танҳо дар хотираи компютерҳои ҳамин китобхонаи электронӣ 7 ҳазор китобҳои таълимӣ ва илмӣ ҷойгир шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо китобҳои нави илмию таълимӣ, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ дастраси донишҷӯён мегарданд, зикр гардид, ки таъминоти донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ аз 46,8 дар сади соли 2005 имрӯз ба 86 дар сад расидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он ки айни ҳол танҳо 20 дар сади дарсҳо бо забони тоҷикӣ мегузаранд, изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарияти донишгоҳ дастур дод, ки китобҳои илмию таълимиро ба забони давлатӣ низ бештар тарҷума карда, фоизи дарсҳои тоҷикиро афзун намоянд.

Дар озмоишгоҳи маҳорати касбии донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди амалиёти таҷрибавии ҷарроҳӣ оид ба иваз кардани гурдаи харгӯш шуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори наву барҳавои Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки дорои 380 ҷойи нишаст аст, бо роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории донишгоҳ ва ҳамчунин сардухтурони аксари беморхонаҳои кишвар ва дигар кормандони тиббу масъулони соҳаи тандурустӣ мулоқоти судманд доир намуд.

Зимни суханронии пурмӯҳтаво Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи соҳа ва бурду бохти онро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, оид ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт ва ҳамчунин ба суолу дархостҳои аҳли толор посух дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки шумораи донишҷӯён ва гурӯҳбандии касбии онҳо мутобиқи талабот, пеш аз ҳама талаботи ноҳияҳои дурдасти кишвар ба нақша гирифта шавад.

Мутобиқи дастурҳои дигари Сарвари давлат бояд дар кишвар Академияи илмҳои тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси хун ва Маркази бемориҳои гулӯ ва гӯшу бинӣ таъсис дода шаванд ва хобгоҳҳои донишҷӯён дубора ба мувозанаи донишгоҳ Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргардонда шаванд. Ду хобгоҳ аллакай то охири соли оянда бояд пурра барқарор ва дар онҳо 1,5 ҳазор донишҷӯ ҷойгир шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520