Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Фитр

01.11.2005 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Мову шумо дар арафаи иди саиди Фитр, ки сеюми ноябр фаро мерасад ва башорати накӯи "баҳори бехазони Қуръони карим"-ро меоварад, қарор дорем.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодату тандурустӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Иди Фитр аз мӯътабартарин ва муборактарин идҳои исломӣ маҳсуб ёфта, мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла кулли мардуми кишварамон баъди ба ҷо овардани фаризаҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазон онро бо як хушҳолӣ ва фараҳмандӣ истиқбол мегиранд.

Ҳар шахсе, ки дар ин моҳ азият кашид, худро аз гуноҳ эмин нигоҳ дошт ва бо парҳезгорӣ вуҷуди хешро пок намуд, аз фазилатҳои ахлоқиву равонӣ ва фалсафиву маърифатии рӯза баҳраманд мегардад.

Аз ин рӯ калимаи "фитр" ҳамчун истилоҳи фиқҳӣ маънои "мардум" ва "аҳолӣ"-ро ифода месозад. Бинобар ин, иди саиди Фитр иди мардумӣ буда, фарҳанги волои инсондӯстиро таҷассум менамояд.

Таърихи тамаддун ва фарҳанги ғановатманди исломӣ бо арзишҳои маънавии худ собит сохтааст, ки дини мубини ислом дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни олам нақши муассир дорад. Бахусус мардуми мо дар инкишоф ва ғанӣ гардонидани фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ҳамеша аз сарчашмаҳои мӯътамади маънавии дини ислом истифода намудааст.

Ҳамзамон фарҳанги миллати тоҷик бо фарҳанги исломӣ пайванди ногусастанӣ дошта, дар илмҳои калом, ирфон ва тасаввуф рисолаву китобҳои зиёд таълиф гардидаанд. Аз ин лиҳоз мо ба фарҳанг, маданият, ақида ва меъёрҳои гуманистии ислом арҷ мегузорем.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз минбарҳои созмон ва муассисаҳои мухталифи ҷаҳонӣ ба хотири бузургдошти фалсафаю тамаддуни ростини исломӣ ва аз арзишҳои таърихии он пуштибонӣ намуда, бар зидди ба ҳам муқобилгузории байни динҳо ва тамаддунҳо мебошам. Чанде пеш низ дар Сессияи Генералии 23-юми ЮНЕСКО аз ҷумла ёдовар шуда будам, ки мо усулан мухолифи истифодаи худи истилоҳҳои "терроризми исломӣ", "экстремизми исломӣ" мебошем. Терроризм ва экстремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард. Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки экстремизм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла ислом нисбат додан мутлақо раво нест.

Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин падидаҳо комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини ислом аст.
Бинобар ин дини ислом, бахусус фарҳанги ҳанафии он як ҷузъи ҷудонашавандаи таърих ва фарҳанги гузашта ва муосири Тоҷикистон буда, набояд гузошт, ки аз дохил ва ё аз берун ҳамчун шиору парчами қувваҳои сиёсии радикалӣ истифода баранд.

Мафҳуми иди саиди Фитр бо фарҳанги инсонпарварӣ ва инсондӯстӣ тавъам гардида, дар замири инсонҳо меҳру шафқат ва саховатро ҷой дода, ба густариши ҳамдилию ҳамбастагӣ мусоидат менамояд.

Дар кишвари мо бо таҷлили иди Фитр мардум эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ, баробарию бародарӣ, ҳусни тадбир ва таҳаммулпазирии умумиинсониро алоқаманд медонанд.

Мо чунин худшиносии мардумиро пазироӣ намуда, онро асоси ваҳдати миллии Тоҷикистон меҳисобем.

Бинобар ин амалӣ намудани фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, аз қабили саховатмандиву саховатпешагӣ, дастгирии моддиву маънавии ятимону барҷомондагон, маъюбону пиронсолон ва мӯҳтоҷон аз писандидатарин кори савобу хайр мебошад. Кӯмак расонидан ба онҳо яке аз аркони муҳими ислом буда, дар ин кори савоб бояд мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ба қадри имкони худ ба таври ҳамешагӣ саҳмгузор бошанд.

Зеро ба қавли дилеро ба даст овардан баробари тавофи хонаи Худо кардан аст.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи кишвар, дар ин рӯзи саид аз мактаби олии одамият сабақи амалӣ гирифта, барои сулҳу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш менамоянд.

Бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба тамоми ҳамватанони азиз муборакбод мегӯям.

Сарбаланду саломат бошед ва пирӯзию сарфарозӣ ҳамеша ёратон бод!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520