Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

30.11.2008 22:00, Қатар

Нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр пас аз анҷоми сафари пурмаҳсули дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Саммити ғайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд ба Давлати Қатар сафар кард.

Саммити ғайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бегоҳи рӯзи 28 ноябр дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа баргузор гашт, ки дар муҳокимарониҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштироки фаъол намуд.

Бояд тазаккур дод, ки мулоқоти мазкури ғайрирасмӣ қабл аз Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд баргузор гашта, як навъ омодагӣ ба он буд.

Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ташкил гардида буд, субҳи рӯзи 29 ноябр ба кори худ шурӯъ намуд.

Баҳри иштирок дар он ба Давлати Қатар Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, намояндагони беш аз 100 давлат ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварданд. Бештар аз 30 давлати ҷаҳонро дар ин конфронс бевосита роҳбарони аввали онҳо намояндагӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, дар он суханронӣ намуд ва нахуст ба созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳои пешрафта бояд садоқати худро ба афзалиятҳои Консенсуси Монтеррей собит намуда, кӯшишҳои худро баҳри паст кардани тафовути байни кишварҳои мутараққӣ ва кишварҳои рӯ ба инкишоф ва бартарфсозии рушди нобаробари онҳо идома диҳанд».

Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун ва як қатор нерӯгоҳҳои дигари обию ҳароратии барқиро аз самтҳои асосии фаъолияти давлати Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод карда, таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии кишварҳою созмонҳои мадарасон аз татбиқи босамари ин нақшаҳо содироти зиёда аз 30 миллиард киловатт/соат қувваи барқ ба Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар минтақаҳо дар ояндаи наздик имконпазир мегардад ва ин саҳми намоёни Тоҷикистон дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола хоҳад буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди минтақавӣ, болобарии иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ ва пайвастани онро ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд низ аз роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ин минтақа арзёбӣ намуд ва мусоидати кишварҳои пешрафтаю ниҳодҳои мададрасони байналмилалиро ба ҳалли ин масоил матлуб маънидод кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои созмонҳои байналмилаӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ бошанд ва дар идоракунии онҳо низ саҳми сазовор гирифта тавонанд».

Дар охири суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуд: -«Имрӯз мо қодирем, ки ҷаҳонро беҳтар созем ва ба бовариву эътимоди халқҳоямон сазовор гардем».

Худи ҳамон рӯз яке аз ҳамоишҳои мизи мудаввари Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ки боз як гувоҳии возеҳ аз нуфузу эътибори байналмилалии ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Ин ҳамоиш, ки дар он намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон ширкат доштанд, таҳти унвони «Сафарбаркунии захираҳои молиявии дохилӣ ба татбиқи ҳадафҳои рушд», ҷараён гирифт.

Хотиррасон бояд кард, ки Тоҷикистон аз нахустин кишварҳои таҷрибавии ҷаҳон ва ташаббускорони намоёни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Ин ҳадафҳо барои дастгирии рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид эълон гаштаанд.

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судаманди дуҷониба анҷом дод.
Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар имзошуда баррасӣ гардид.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «пояҳои ҳуқуқии лозима барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи дарозмӯҳлати шарикӣ» байни Тоҷикистону Қатар гузошта шудаанд».

Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки баҳри рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар мӯҳлатҳои наздик сафоратҳои худро дар кишварҳои ҳамдигар ифтитоҳ намоянд.

Кушодани хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар, бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намудани як масҷиди бузург ва мактаби замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир барои содирот ба Давлати Қатар аз самтҳои афзали ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид гардиданд.

Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи Пан Ги Мунро ба масоили вобаста ба азхудкунии захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, аз ӯ, аз ҷумла даъват намуд, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҷамъбасти натиҷаҳои панҷсолаи татбиқи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» иштирок намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро баҳри дар ҳудуди худ ҷойгир намудани Маркази ЭСКАТО ва ЕЭК – Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд.

Масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини дабири кулли ин созмон оид ба масоили гуманитарӣ Ша Тсузукан баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Хорватия Степан Месич зимни мулоқоти дӯстонаи худ, қарор карданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар баҳри эҷод ва тавсиаи заминаи ҳамкории густурда сафарҳои расмӣ анҷом бидиҳанд.

Байни онҳо оид ба доираи васеи мавзуоти ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои судманди миёни Тоҷикистону Хорватия гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Булғория Георгий Пирванов масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои судманди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳо бо Булғория ва барқарор намудани робитаҳои анъанавии қаблӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, Георгий Пирвановро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон баҳри тавсиаи заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳо ташрифи расмӣ биёрад.

Дар мулоқот бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба ин созмони бонуфуз баррасӣ намуд.

Зикр гардид, ки ба гурӯҳи кории омӯзандаи ин масъала 52 кишвари ҷаҳон аъзо аст ва аллакай се маҷлиси он гузаронда шудааст. Ба наздикӣ бояд ҳисоботи маҷлиси сеюм пешкаш гардад ва омодагӣ ба маҷлиси навбатӣ оғоз ёбад.

Ба раванди мувофиқгардонии қонунгузории Тоҷикистон ва низоми тиҷоратии он ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо баҳои баланд дода шуд.
Бояд махсус таъкид намуд, ки пешниҳоду тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташвиқ ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла баҳри бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъмини аҳли башар бо оби тозаи нӯшокӣ мавриди пуштибонию қадршиносӣ қарор мегиранд.

Робитаҳои ҳасана бо Давлати Қатар, ки имрӯз барои ба шарики стратегии Тоҷикистон дар байни кишварҳои арабӣ табдил ёфтани он замина эҷод гаштааст, рӯ ба инкишофу густариш доранд.

Зимни сафари корӣ ба Давлати Қатар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қароргоҳи марказии ширкати бузурги Қатарӣ Диёр дидан карда, бо лоиҳаи як силсила биноҳо, ки бояд дар шаҳри Душанбе сохта шаванд, аз наздик шинос шуд. Қатарӣ Диёр, ки яке аз бонуфузтарин ширкатҳои сохтмонӣ дар ҷаҳон аст, бояд дар пойтахти Тоҷикистон як шаҳраки ҳозиразамони иборат аз биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои савдо, иморатҳои фароғатӣ, гулгашту сайргоҳҳо ва ғайра бунёд намояд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи шаҳрак соли 2009 пурра омода мегардад ва корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни телевизионии иттилоотии Тоҷикистон – Ҷаҳоннамо ва телевизиони овозадори ал-Ҷазираи Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд. Тибқи онҳо телевизионҳои Ҷаҳоннамо ва ал-Ҷазира дар омода кардани кадрҳои ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.

Нимаи дуюми рӯзи 30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсули корӣ дар Давлати Қатар баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Яман рафт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520