Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков

18.10.2022 14:00, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков 18.10.2022

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои кори конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои Раванди Душанбе, ки самараи иқдоми муштараки Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид аст, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ хизмат хоҳад кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба афзоиши таҳдидҳо ба амнияти минтақа, аз ҷумла густариши терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520