Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ

13.10.2022 14:07, Қазоқистон
Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ   13.10.2022

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрӯӣ мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад ва мо ҷонибдору ҳавасманди тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он мебошем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ табодули андеша карда, аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвари бародар ва дӯст, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энеретика, ифтитоҳи корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳии Тоҷикистон, коркарди пахта ва махсулоти ниҳоӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сармоягузории лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судовар ва ҳамкории ниҳодҳои молиявию бонкӣ, табодули андеша карданд.

Дар бахши кишоварзӣ таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Аморот, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал ва чорвои зиндаю маҳсулоти гӯштӣ, зарур дониста шуд.

Густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои дигари ояндадори робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Аморот маънидод гардид.

Зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва пайваст намудани пойтахтҳо тавассути роҳандозии парвозҳои мустақим байни Абу Забӣ ва Душанбе ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520