Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоришҳои телефонии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал

11.12.2008 15:00

Нимаи дуюми рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2008 Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал телефонӣ гузориш доданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи пурмаҳсул аз гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар зимистон, вусъат додани кишти картошкаи барвақтӣ ва сабзавоти зери пленка зоҳир гардид.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар вилояти Суғд дар майдони 60215 гектар баробар ба 87,4 дар сади нақша ва дар вилояти Хатлон дар 98752 гектар баробар ба 88 дар сади нақша зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ кишт карда шудааст.

Сабзавоти барвақтӣ бошад, дар вилояти Суғд дар майдони 544 гектар ва дар вилояти Хатлон дар 1871 гектар кишт шудааст, ки ин мутаносибан ба 68 ва 50,6 дар сади нақша баробар аст.

Кишти барвақтии помидору бодиринг дар гармхонаҳо дар вилояти Суғд 17,34 гектар ва дар вилояти Хатлон 10,85 гектарро ташкил додааст, ки ин мутаносибан ба 78 ва 48 дар сади нақша баробар аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурсон шуда, оид ба таъмини шароити зарурӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Раисони ҳарду вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои онҳо вазифадор гаштанд, ки натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқро дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии дақиқ қарор дода, баҳри банақшагирии корҳои зарурӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд. «Таъмини деҳқонон бо сӯзишворию нуриҳои минералӣ ва кушодани мағозаҳои фурӯши тухмии хушсифат бояд пайваста дар мадди назари масъулин қарор дошта бошад», - таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520