Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб

12.10.2022 16:44, ноҳияи Варзоб
Боздид аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб  12.10.2022

12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямонро дар ноҳияи Варзоб тамошо карданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоби ноҳияи Варзоб боздид намуданд.

Аз рӯзи нахустини сафари расмӣ ба Тоҷикистон Александр Лукашенко бо эҳсоси баланд дар бораи ба табиати зебои Тоҷикистон ва таъомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз дошт ва ҳамин буд, ки имрӯз бо ҳамроҳии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. 

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, ки бо шарофати Пешвои миллат аз нав эҳё гаштаву рушд мекунад, аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520