Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

07.10.2022 09:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро дар робита ба ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!

Ба Шумо ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Шумо хос аст. Дар ин робита мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Русия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям.

Хизматҳои муҳими Шумо дар таъмиқи пайгиронаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия қобили баҳои баланданд. Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем.

Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба Шумо, Владимир Владимировичи азиз, саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Русияи дӯст, ба мардуми он  — сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор таманно намоям».

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520