Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

05.10.2022 13:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Владимир Путин бо таманниёти беҳтарин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон ва сарфароз гардониданашон бо ордени Федератсияи Русия “Барои хизматҳои шоён дар назди Ватан” дараҷаи III барои нақши назаррас дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин таъмини субот ва амнияти минтақавӣ самимона табрик намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Русия барои  табрикоташон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин мукофоти боэътиборро ба мардуми кишвари мо мансуб медонанд.

Сарони давлатҳо доираи масъалаҳои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар, ҳамчунин дурнамои рушду тавсеаи онҳоро  мавриди муҳокима қарор доданд.  Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами  рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520