Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 дар шаҳри Турсунзода

03.10.2022 11:12, шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 дар шаҳри Турсунзода  03.10.2022

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 ба номи Камолиддин Мадумаровро ба истифода доданд.

Бинои нави таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир барои 1300 нафар хонанда дар ду баст бунёд ёфтааст.

Лоиҳаи бинои мактаб аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арк Лоиҳа” таҳия гардида, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд анҷом додаанд.

Масоҳати умумии замини иншоот 37 садякро дар бар мегирад ва худи бинои таълимӣ дар майдони 765 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Иншооти нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фани химия, физикаю биология бо озмоишгоҳҳо, математика, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат мебошад.

Ҳамчунин дар бинои нави таълимӣ барои роҳбарият ва омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъсис дода шудааст.

Барои таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ 38 нафар омӯзгори ботаҷриба ба кор ҷалб гардидааст.

Даргоҳи нави маърифат ҳамчунин дорои майдончаи варзишии тобистона, толори барҳавои варзишӣ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона барои хонандагону омӯзгорон мебошад.

Бинои муассисаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Муҳаммадамин Камолов сохта шудааст.

Китобхонаи муассисаи таълимӣ бо адабиёти зиёди дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, хонандагон имкон доранд бо истифода аз чунин шароит барои иштироки фаъолона дар озмунҳои гуногун ҳамаҷониба омода шаванд.

Иншоот дорои маркази худии гармидиҳӣ буда, гармии тамоми синфхонаҳо дар айёми сардиҳо пурра таъмин мегардад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имконияту шароити донишомӯзӣ дар иншооти тозабунёд, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва масъулонро ҷиҳати равона намудани талоши бештар дар самти беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои ватандӯстиву худшиносии насли наврас ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ барои аҳолии 2500 нафараи деҳаи Янгибоғи деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода, ки то имрӯз фарзандонашон дар мактаби деҳаи Заркамар таҳсил мекарданд, туҳфаи арзишманд маҳсуб меёбад.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520