Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Арманистон, Россия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон

21.12.2008 13:00, Қазоқистон

Рӯзҳои 19-ум ва 20 – уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Арманистон, Россия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар шаҳраки Бурабойи вилояти Акмалаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои мазкурро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев як –як истиқбол гирифт.

Дар мулоқоти ғайрирасмӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни давлатҳои мазкур дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия баррасӣ шуд.

Мавзӯи асосии сӯҳбат андешидани чораҳои муштарак ва дарёфти роҳҳои коҳишдиҳии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ин кишварҳо буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили умдаи имрӯза, аз ҷумла танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, тарифҳои интиқоли мусофирон ва маҳсулот дар роҳи оҳан ва дигар воситаҳои нақлиёт ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ҷалб намуда, кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳамкории наздик ва дастгирии ҳамдигар даъват намуд.

Сарони дигар давлатҳо низ таъкид бар он доштанд, ки кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқобили бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бояд ҳамбастагии наздик нишон диҳанд, то таъсири манфии он дастаҷамъона коҳиш дода шавад.

Ба нақши Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муттаҳидсозии имконоти муштараки кишварҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳои баланд дода шуд.

Ба густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд, аз ҷумла баҳри омӯзиши дақиқи авзои кунунии Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

Дар ҳошияи ин ҳамоиши ғайрирасмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, муносибатҳои байнибонкӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Аз сатҳи муносибатҳои стратегии байни Тоҷикистону Қазоқистон ва афзоиши мубодилоти молу маҳсулот, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна ба 20-30 дар сад баробар мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарони ду давлат қарор карданд, ки баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамгироиҳоро тақвият диҳанд.

Қарор дода шуд, ки Қазоқистон бар ивази қарзи давлатие, ки дар назди Тоҷикистон дорад, ба кишвари мо дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 гандум, сӯзишвории дизелӣ ва мазут диҳад. Хотиррасон бояд кард, ки маблағи қарзи мазкур 11 миллиону 479 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Суръат бахшидан ба сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, як нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар болои яке аз шохобҳои дарёи Вахш ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.

Оид ба татбиқи амалии нақшаҳои муштараки нақлиётию коммуникатсионӣ баҳри бунёди роҳи оҳан ва мошингарди миёни Қазоқистону Қирғизистону Тоҷикистон бо пайвастшавӣ ба Афғонистону Эрон низ гуфтугӯйи судманд анҷом ёфт.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳир гардид. Пешниҳод карда шуд, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар намояндагии худро оид ба муҳоҷират дар пойтахтҳои ҳамдигар дошта бошанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520