Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

20.09.2022 12:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳими минтақавӣ баҳои баланд доданд. Президенти Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуда, натиҷаҳои вохӯрии сарони давлатҳоро, ки дар чорчӯбаи он бастаи назарраси қарору санадҳо оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти Созмон қабул гардиданд, баланд арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин Президенти Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот доданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520