Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

27.06.2006 19:00, ноҳияи Рашт

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо - ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ки нӯҳ сол қабл аз ин миллатамонро аз вартаи парокандагӣ ва Ватанамонро аз хатари нобудӣ раҳо дода, дар таърихи мо - тоҷикон санади тақдирсоз гардид, самимона табрик мегӯям!

Бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон, ки ибтидои солҳои 90-ум гирифтори даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, сулҳу суботи саросарӣ фароҳам омад ва ин рӯйдоди бузург ба марҳилаи созандагиву бунёдкориҳои азим дар сарзамини аҷдодиамон оғоз бахшид.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдат, ки бо хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав муяссар гардид, мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.

Баъди имзои ин санади тақдирсози таърихӣ мо ба сарҷамъ овардани миллат, яъне ба Ватан ва маҳалли зисти доимияшон баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ба раванди ҳаёти осоишта пайвастани онҳо ноил шудем.

Дар ин робита мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам.

Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем.
Зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Ва чунон ки борҳо таъкид кардаам, мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Маросими умумиҷумҳуриявии ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар ноҳияи Рашт таҷлил мегардад, идомаи мантиқии роҳи пешгирифтаи давлат дар бобати таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ дар тамоми қаламрави кишвар аст.

Бояд хотирнишон кард, ки водии Рашт мисли дигар гӯшаву канори Тоҷикистон дорои таърихи дуру дароз мебошад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар охири ҳазораи якуми пеш аз мелод як шохаи Роҳи бузурги абрешим аз водиҳои Олой ва Рашт гузашта, тавассути Ҳисору Хатлон, Балху Эрону Ироқ ба соҳилҳои Баҳри Миёназамин мерасид ва ин шоҳроҳ Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст.

Муаррихон ҳамчунин собит намудаанд, ки дар асри ҳафтуми мелодӣ дар қаламрави минтақаҳои Рашту Хатлон ва Ҳисору Бадахшон алифбову хат ва адабиёту фарҳанг васеъ ривоҷ доштааст.

Ва ба шарофати кӯшишҳои гузаштагонамон, ки дар тӯли садсолаҳо ба харҷ додаанд, забону фарҳанг ва ҳуввияти миллии мо - тоҷикон то имрӯз пойдору устувор монд. Бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор, ҳуҷуму харобкориҳо ва таъсиру фишори аҷнабиён гузаштагонамон ин арзишҳои волои миллиро аз умқи ҳазорсолаҳо ба ояндагони худ ҳамчун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.

Дар густариши забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ фарзандони фарзонаи водии пурсаховати Рашт низ саҳми шоиста доранд. Мероси гаронбаҳои намояндагони доираи адабии Рашт - Мавлавӣ Қасимӣ, Мавлавӣ Шоҳидии Раштӣ, Мавлоно Ҷомии Сонӣ, Абдураҳими Ғармӣ, Хазонӣ, Ҳаҷрӣ, Насимӣ, Валеӣ, Гулханӣ, Шайх Абдулҳай ва дигарон аз талқини ғояҳои башардӯстӣ, омӯзиши илму дониш ва ташвиқи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ иборатанд.
Ду нафар шоири тавонои асрҳои XV-XVI Мавлавӣ Қасимӣ ва Шоҳидии Раштӣ ҳатто ба "Маснавӣ"-и бузургтарин чеҳраи адабиву ирфонии адабиёти тоҷику форс, ситоишгари ваҳдати миёни халқҳову мазҳабҳо фарзанди халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷавоб навиштаанд, ки дар таърихи ҳавзаҳои адабии он давра камназиранд.

Дар робита ба ин бояд зикр кард, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2007-ум Соли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълон шудааст ва он бо солгарди даҳуми Ваҳдати миллии мо мувофиқ меояд. Чанде қабл дар ҷараёни сафари худ ба Туркия оромгоҳи ин абармарди олами адаб ва ирфонро зиёрат карда будам.
Дар "Маснавӣ"-и Мавлоно ғояҳои олии башардӯстона тарғибу ташвиқ гардидаанд. Зимнан бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ваҳдатро аз ҷумлаи заруратҳои асосии пайвастагӣ ва робитаи халқҳову динҳо дониста, ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар ашъори худ мардумро, сарфи назар аз миллату нажод ва дину мазҳаб ҳамеша ба дӯстиву рафоқат даъват намудааст.

Аз ин рӯ, бо ҳам баробар омадани 800-солагии зодрӯзи Мавлонои бузург, ки соли оянда таҷлил хоҳад шуд ва даҳсолагии ҷашни Ваҳдати миллӣ хусусияти басо рамзӣ дошта, миллати моро ба таҳкими минбаъдаи иттиҳоду ягонагӣ ва тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ раҳнамоӣ мекунад.
Воқеан, Мавлоно дар "Маснавӣ"-и ҷовидонааш ваҳдат, дӯстӣ ва робитаи неки инсонҳоро аз ҷумлаи рисолатҳои азаливу аввалини башар мешуморад ва чунин мефармояд:

Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Мо - наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла яке аз симоҳои барҷастаи сиёсиву давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсумро, ки зодаи Рашти бостонӣ буда, дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври шоиста қадршиносӣ мекунем.

Зеро дар он замони пуртазод марзу буми имрӯзаи Тоҷикистон бо ҷасорати шахсиву сиёсии Садриддин Айнӣ ва талошҳои пайгиронаи Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик ҳамчун ҷумҳурӣ муайян карда шуд.

Мутаассифона, бадхоҳони халқи тоҷик бо дасисаву тӯҳмат Нусратулло Махсумро ҷисман аз байн бурданд ва ин фоҷиа баъди даҳсолаҳо бори дигар такрор гардид: дар солҳои муқовимати мусаллаҳона муҷассамаи ӯ дар зодгоҳаш нобуд карда шуд.

Вале мо имрӯз ба хотири қадршиносӣ ва абадӣ гардонидани номи неки Нусратулло Махсум муҷассамаи ӯро аз нав барқарор кардем. Бигузор, номи нек ва кору пайкори мардонаи ӯ, ки танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буд, барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон намунаи ибрати ҷовидона бошад.

Хотираи неки фарзанди содиқи халқи тоҷик Нусратулло Махсум ва дигар арбобони барҷастаи давлатӣ, аз ҷумла Мунаввар Шогадоев, Тоҷиддин Исоев, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Раҳматов, Маҳмадулло Холов, Мунавваршо Назриев натанҳо барои сокинони водии Рашт, балки тамоми мардуми тоҷик азиз аст. Зеро онҳо ба хотири пешрафти давлату миллати тоҷик содиқона хизмат кардаанд ва номашон ҳеҷ гоҳ аз ёди халқ нахоҳад рафт.

Дар шароити кунунии кишварамон бояд ҳар як фарди бонангу номус мисли мардони фидокоре, ки номи некашон зикр шуд, манфиати Ватан, давлат ва миллати худро аз ҳама боло гузошта, ҷиҳати рушду ободии Тоҷикистони азиз саъю талош намояд, то наслҳои оянда бо кору номи неки имрӯзиён ифтихор намоянд.

Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва беқурбу манзалат аст.

Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврони ориёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои "Маҳабҳарата" ва "Авесто" тавсифу ситоиш шудаанд. Арзишҳои ватанпарастиву миллӣ дар замони давлатдории Сомониён дурахшу ҷилои тоза пайдо намуда, рушду такомул ёфтаанд.

Агар ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён бинобар зиддиятҳои дохилӣ ва мансабталошиву тахту тоҷхоҳии бародарони ҳамхун завол ёфта бошад, пас ҳамин иштибоҳи фоҷиабор соли 1992-юм дар оғози роҳи давлати тозаистиқлоли мо - тоҷикон бори дигар такрор шуд.

Вале хушбахтона, маҳз ба шарофати хиради азалии халқ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори миллии фарзандони бонангу номуси Ватанамон мухолифати мусаллаҳона сари вақт бартараф ва бақои давлату ваҳдати миллат таъмин карда шуд.

Илова бар ин, мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст.

Тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободии Ватан танҳо дар сурати ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд. Далели равшани онро мо имрӯз дар водии Рашт мебинем, ки солҳои охир аз баракати оромӣ дар ин минтақа бо дастгирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати бесобиқа пайдо кардааст.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа Ҳукумати кишвар бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ лоиҳаи барқарорсозии баъди низоъро таҳия ва қабул карда, бо истифода аз сармоягузории хориҷӣ, ки зиёда аз 37 миллион сомониро ташкил медод, дар давоми солҳои 1998-2000-ум дар 5 ноҳия 317 иншоотро таъмир ва аз нав бунёд намуд.

Дар як муддати кӯтоҳ дар водӣ вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба эътидол омада, фаъолияти инфраструктураи бахшҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг барқарор ва барои рушди онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Ҳамчунин дар доираи татбиқи лоиҳа ва дар натиҷаи дастгирии молиявии соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои водӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле афзуда, аз ин ҳисоб ҳазорҳо ҷои нави корӣ фароҳам оварда шуд ва сатҳи зиндагии аҳолӣ то андозае беҳтар гардид.

Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат бо мақсади суръат бахшидан ба рушди иқтисодиву иҷтимоии водӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз соли 2000-ум дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт як қатор лоиҳаҳои инвеститсиониро мавриди татбиқ қарор додааст.

Ҳадафи асосӣ аз татбиқи ин лоиҳаҳо сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани иншоотҳои истеҳсолӣ, коммуникатсионӣ, гидроэнергетикӣ, шабакаҳои обрасонӣ, беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои таълимиву тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ободонии маҳалҳои зист мебошад.

Ҳоло дар ин самт ба маблағи беш аз 72 миллион сомонӣ корҳо анҷом дода шуда, татбиқи лоиҳаҳои дигар идома дорад.

Ҳамчунин ҷиҳати беҳтар кардани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, сохтмони иншооти муҳим ва барои дастгирии буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағгузории асосии марказонидашуда ва дигар манбаъҳои буҷети давлатӣ дар солҳои 2001-2005-ум ва нимсолаи аввали соли 2006-ум ба буҷети ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Нуробод, Тавилдара ва Тоҷикобод 65 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.

Чунон ки борҳо таъкид намудаем, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, инчунин бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол дар байни ҳамаи минтақаҳои мамлакат таъмин кардани ҳаракати нақлиёт ва ба як қаламрави воҳид табдил додани Тоҷикистон мо бунёди роҳу туннелҳоро пеш гирифтаем, ки ин бешубҳа воситаи беҳтарини ба якдигар боз ҳам наздик шудани мардум ва таҳкими бештари ваҳдати миллӣ мебошад.

Ба ин хотир, Ҳукумат лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Нуробод - Рашт - сарҳади Қирғизистонро таҳия ва қабул намуда, беш аз як сол шуд, ки марҳилаи якуми онро ба маблағи 76 миллион сомонӣ татбиқ карда истодааст. Дар доираи ин лоиҳа ҳоло таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе - Ваҳдат - Оби гарм - Нуробод, инчунин 75 километр роҳҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод ва Роғун босуръат идома дорад.

Ба истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ имрӯз ба марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи мазкур, яъне Нуробод - Рашт - Тоҷикобод, ки маблағи он 126 миллион сомониро ташкил медиҳад, оғоз бахшидем.

Мувофиқи он роҳи мошингарди зикршуда, роҳи дувоздаҳкилометраи наздисарҳадии Қарамик ва 60 километр роҳҳои маҳаллии ин ноҳияҳо аз нав сохта мешаванд. Бо амалӣ гардидани марҳилаи сеюми таҷдиди шоҳроҳ, ки ҳоло таҳияи ҳуҷҷатҳои техникиву иқтисодии он идома дорад, то охири соли 2008-ум роҳи Душанбе - Саритош мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ пурра сохта, ба истифода дода мешавад ва мо дар ояндаи наздик робитаи нақлиётии Тоҷикистонро аз тариқи Ҷумҳурии Қирғизистон бо Қазоқистону Россия ва Аврупо, инчунин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Чин ва дигар кишварҳои Осиё таъмин менамоем.

Бо фароҳам омадани робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо беш аз пеш густариш ва тавсеа хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, бо кушода шудани шоҳроҳи Душанбе - Саритош дар ояндаи наздик кишоварзони мамлакатамон, пеш аз ҳама сокинони водии Рашт, ки бо истеҳсоли меваю картошка ва асал шӯҳрат доранд, метавонанд маҳсулоти худро ба бозорҳои Қазоқистону Россия ва Чин бароранд.
Бо ҳамлу нақли арзон ва содироти меваю картошка, инчунин асал аҳолии водӣ имконияти бештар пайдо мекунад, ки сатҳи даромади иқтисодӣ ва зиндагии худро баланд бардорад.

Барои ин ҳоло ба мақомоти дахлдор ва кишоварзони водӣ зарур аст, ки дар доираи барномаҳои ҳукуматӣ ба рушди соҳаҳои картошкапарварӣ, боғдорӣ ва асалпарварӣ беш аз пеш суръат бахшида, дар бобати коркарди саноатии онҳо низ тадбирҳо андешанд.
Ҳамчунин, Ҳукумати Тоҷикистон доир ба азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои водӣ, ки дар саргаҳи об қарор доранд, бояд чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Аз соли 2004 то имрӯз дар ҳудуди 5 - ноҳия қариб 1000 гектар замин обёрӣ карда шуд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2010-ум боз дар 5 -ноҳия 7000 гектар заминҳои навро обёрӣ намояд. Худи ҳамин сол 850 гектар заминҳои нав обёрӣ карда мешавад ва ҳазорҳо ҷойи корӣ ташкил мегардад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Бо дарназардошти вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва нарасидани кадрҳои маҳаллӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои иҷтимоии ноҳияҳои водии Рашт пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар доираи ин тадбирҳо ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам лоиҳаҳои сармоягузорӣ шароити муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба эътидол оварда шуда, барои аз ҳисоби занону духтарон ва ҷавонони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тайёр намудани кадрҳо афзалияту имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат солҳои охир тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияҳои водӣ таъмир ва бо ашёву маводи зарурии хониш таъмин гардиданд.

Инчунин бо роҳи бунёди мактабҳои нав дар деҳаҳои дурдасттарин низ масъалаи нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон аз байн бардошта шуд. Танҳо дар ноҳияи Тоҷикобод аз соли 1993-юм то имрӯз шумораи мактабҳо ду маротиба зиёд гардид. Аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумат фақат дар соли 2004-ум дар ноҳияи Тавилдара 15 мактаби ибтидоӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар шаш соли охир дар ноҳияҳои водӣ шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ 26 адад афзуда, онҳо бо 5500 адад мебелу таҷҳизоти нави мактабӣ ва 524 компютер таъмин гардиданд.

Барои пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасони деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҳоло дар ҳамаи ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла Рашт, Нуробод ва Тавилдара мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, Тоҷикободу Ҷиргатол се интернати наздимактабӣ ташкил ва бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд.

Ҳоло дар мактабҳои ноҳияҳои водии Рашт проблемаи асосӣ нарасидани омӯзгорон аст. Дар айни замон мактабҳои минтақа ба зиёда аз якуним ҳазор муаллимони гуногунихтисос эҳтиёҷ доранд. Бинобар нарасидани мутахассисон дар соҳаи тиб низ душвориҳои зиёд мавҷуданд. Ин проблемаҳо солҳост, ки ҳалли худро намеёбанд.

Зеро на ҳамаи кадрҳо ва мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхатҳо ба ноҳияҳои водӣ фиристода мешаванд, ба ҷои кор ҳозир мегарданд.

Ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва тибқи квотаи Президентӣ аз ҳисоби духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар мактабҳои олии мамлакат тайёр кардани мутахассисон ҳаллу фасли проблемаи нарасидани кадрҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ мебошад.

Дар асоси квотаи Президентӣ ҳоло аз ноҳияҳои водии Рашт дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 878 нафар, аз ҷумла 802 нафар ҷавондухтарон ва дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ 46 нафар фарзандони мардуми водӣ таҳсил менамоянд.

Итминони комил дорам, ки онҳо солҳои наздик соҳибихтисос гардида, на танҳо барои рушди ноҳияҳои водӣ, балки ба хотири ободии Тоҷикистони азизи худ хизмат хоҳанд кард.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи умумибашарӣ ва илму техника босуръат тараққӣ меёбанд, падару модарон набояд пойбанди хурофот шуда, барои соҳибмаърифату бофарҳанг, соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани фарзандони худ монеаҳо эҷод намоянд.

Мо бояд барои пешрафту тараққиёти давлату миллати худ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон ба таълиму тарбия, донишандӯзиву касбу ҳунаромӯзии фарзандонамон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намоем.

Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад низ дар ҳадисҳои худ фармудааст: "Талаби илм барои ҳар мусулмон ва зани мусулмон фарз аст", ё худ "Ҳар кӣ илм талаб намояд, худо ризқашро кафолат кунад". Расули худо ҳамчунин гуфтааст, ки "Аз гаҳвора то гӯр илм биомӯз". Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро бештар ба донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ ҳидоят намоем. Зеро онҳо танҳо бо роҳи омӯхтани илм, азхуд кардани ихтисос дар ҷомеа мавқеи сазовори худро ёфта, бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, дарки масъулияти шаҳрвандӣ давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёди хешро соҳибӣ ва идора карда метавонанд.
Ҳамватанони гиромӣ!

Дар айни замон мардуми кишварамон бо шукронаи сулҳу амнияти саросарӣ, ки воқеан сарчашмаи тамоми пешрафту осудагиҳои ҳаёти инсон аст, ба таҷлили 15-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон омодагӣ мебинад.

Бо ташкили чорабиниҳо оид ба таҷлил ва бузургдошти чунин рӯйдодҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ мо умед дорем, ки сатҳи худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандории мардум, бахусус ҷавонон беш аз пеш баланд шуда, ҷашнҳои бузурги миллӣ онҳоро ба ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгон ҳидоят месозанд.

Мо ифтихор дорем, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё буда, анъанаву суннатҳои таърихамон аз тамаддуни бузурги ориёӣ сарчашма мегиранд.

Гузаштагони ориёии мо дар ташаккули яке аз аввалин тамаддунҳои башарӣ бевосита саҳм гузошта, ҳамеша ғояҳои инсондӯстиву созандагиро талқин намудаанд.

Аҷдодони мо аз қадим таҳти шиори башардӯстонаи "пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек" ҳаёт ба сар бурда, дар таърихи тӯлонии худ ҳеҷ гоҳ даъвои бартарият аз дигар халқу миллатҳоро накардаанд.

Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳо, аз ҷумла таҳдиди хатарҳои терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, ҷиноятҳои трансмиллӣ ва хавфи бархӯрди тамаддунҳо мо мероси таърихиву фарҳангии миллатамонро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, ба мардуми худ беш аз пеш ғояҳои инсондӯстии ниёгонамон ва арзишҳои пурқимати башариро талқин менамоем.

Ҳамзамон бо ин, ба дини ислом чун бузургтарин арзиши фарҳангиву ахлоқии халқи худ арҷгузорӣ намуда, ҳар гуна кӯшишҳои истифодаҷӯӣ ва даъвоҳои беасосро нисбат ба он маҳкум мекунем.

Борҳо таъкид кардаем, ки дини мубини ислом дар зоти худ айбе надорад. Баръакс пайравони худро ҳамеша ба парҳезгорӣ аз амалҳои номатлубу зиддиинсонӣ ҳидоят карда, сулҳпарвариро рисолати бузурги имонии ҳар як мусулмон мешуморад. Аз ин рӯ, онро бо экстремизм ва терроризм айният додан ва ё ин падидаҳои нангинро бо номи поки ислом пайванд додан ғалати маҳз аст.

Аслан террроризм ва экстремизм пайравӣ ба ақидаву амалиёти ифротгароёнаву оштинопазир аст, ки моҳиятан хусусияти сиёсӣ ва динӣ доранд. Экстремизми сиёсӣ ва динӣ кӯшиши гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва шахсиятҳои ҷудогона барои ба даст овардани ҳокимият ва иҷрои барномаҳои сиёсии худ буда, ҳадаф ва оқибати он бар зидди манфиатҳои аҳли ҷомеа аст.

Маъмулан ин гуна кӯшишҳои хатарнок муқовимат ва зӯровариро ба миён оварда, суботи ҷомеаро халалдор месозанд.

Дар ин замина шаклҳои муборизаи оштинопазир ва интиқомҷӯёнаи экстремизм падид меоянд, ки онҳо дар симои терроризм зоҳир мегарданд.
Аз ин рӯ, мо тамоми шаклҳои зуҳури экстремизм ва терроризмро маҳкум намуда, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онҳоро яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи худ меҳисобем.

Тараққиёту таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир аз мо тақозо менамояд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ободу босубот муаррифӣ намоем.

Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ бо пешниҳодоти мушаххаси худ, ки аз ҷониби ҷомеаи умумибашарӣ пазируфта шудаанд, саҳми сазовор мегирад. Дар қатори онҳо, тавре ки борҳо таъкид намудаем, сулҳофарии мо - тоҷиконро баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таҷрибаи нодир арзёбӣ карда, барои ҳалли низоъҳо ҳамчун дастур пешниҳод менамоянд.

Зеро таҷрибаи Тоҷикистон аллакай ҳамчун яке аз муассиртарин роҳҳои ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф гардидааст.

Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.

Бояд таъкид кард, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба қатори давлатҳои пешрафта расонидан заҳмати дурударози чандинсола кашидан лозим аст.

Ғайр аз ин, дар зиндагии мардумамон ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёд мавҷуданд. Лекин итминон дорам, ки ҳамаи ин корҳоро худамон бо ваҳдату якдилӣ ва аҳлонаву сарҷамъона анҷом медиҳем ва Ватанамонро бо дастгирии мардуми шарифамон, саъю кӯшиши кадрҳои лаёқатманд ва баору намуси кишварамон обод мекунем.

Барои ин, бояд ҳар як шахси ватанпарвару сулҳхоҳ дар замири худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намояд.

Бигузор ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад!

Бигузор сарзамини Тоҷикистон, ки воқеан биҳишти рӯйи заминро мемонад, сарзамини сулҳу суботи абадӣ бошад!

Бигузор Тоҷикистон, ки Ватан ва умедгоҳи тамоми тоҷикони дунёст, дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавқеъ ва мақоми шоиставу арзанда пайдо намояд!

Бори дигар ҳамаи шуморо бо ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба мардуми шариф ва сарбаланди Тоҷикистон рӯзгори обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва рӯзи наҷоти миллат муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520