Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба ифтихори 10- умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2007 13:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони олиқадр!
Ҳозирини гиромӣ!

Бисту ҳафтуми июни соли 1997, яъне даҳ сол пеш дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркуши миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Имрӯз мо дар ин толор, ки аз нури ваҳдати миллатамон ҷалолу шукӯҳи тоза гирифтааст, барои таҷлили ҳамин санаи тақдирсоз ба ҳам омадаем ва ман бо як ҷаҳон ифтихор тамоми халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳар кадоми шумо - меҳмонони азиз ва ҳозирини арҷмандро дар ин рӯзи воқеан таърихӣ, муқаддас ва фараҳбахш самимона табрик мегӯям.

Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалбҳои мардуми мо маскан гирифта, ба рӯйдоди азизу гиромӣ табдил ёфт. Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.

Ба шарофати ҳамин сулҳу субот буд, ки мо тавонистем қувваҳои мухталифи сиёсиро ба ҳам оварда, пояҳои истиқлолияти давлатиамонро таҳким бахшем ва бо нияти нек, имони комил ва иродаи қавӣ ба бунёди давлатдориву давлатсозии навини худ оғоз намоем.

Ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон буд, ки мо хатари аз байн рафтани Ватани азизамон - Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардам.

Ва маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем.

Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги дохилии мо мансабталошӣ буд ва аз ҷониби дигар, мубориза барои дигаргун сохтани низоми давлати дунявӣ ба сохти давлатдории динӣ ҳарчи ошкортар мегашт.

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қувваҳои сиёсии қудратталабро аёну ноаён ба василаи бозии нерӯҳои беруна табдил медод. Дар айни замон, ҳамаи шохаҳои ҳокимият аз боло то поён босуръат фалаҷ мешуд. Дар натиҷаи ин ҳама бӯҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад, ки он боиси дар давоми як сол иваз шудани ду Президент ва панҷ Ҳукумат гардид.

Доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ ва баъзе қувваю гурӯҳҳои дохилӣ низ манфиатдори идома ёфтани ҷанг, барбод рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик буданд. Онҳо ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд ва намегузоштанд, ки халқи тоҷик иродаи худро озодона изҳор карда, ҳамчун миллати соҳибдавлат обрӯманд гардад. Гузашта аз ин, нақшаи тақсими Тоҷикистонро мекашиданд ва ҳатто дар назди созмонҳои байналмилалӣ масъалагузорӣ мекарданд.

Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали Иҷлосияи XVI-ум пуштибонии халқи азизамонро аз роҳи интихобкардаамон, ки таъмини сулҳу субот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем. Бинобар ин, дар ҳамон шароити ноором барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии давлати навбунёд ва соҳибистиқлоламон саъй намудем. Дар ҳамон давраи пурошӯб рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Парчами миллӣ ва Нишони давлатиро қабул кардем. Соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд. Аксари мутлақи мардуми кишвар ин ҳуҷҷати тақдирсозро тарафдорӣ карданд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ исбот кард, ки халқ пуштибони сиёсат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, ҷонибдори сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Ва муҳимтар аз ҳама, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ шароити мусоид ва кафолати воқеӣ ба вуҷуд омад, ки қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, хонаву дарашонро обод созем ва пайвастани онҳоро ба зиндагии орому осоишта таъмин намоем.

Ҳоло мардум ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ мекунанд. Зеро боз ҳам аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азим оғоз бахшем. Ҳар кадом аз ин иншооте, ки бунёди онҳо шурӯъ шудааст, қадамҳои устувори мо ба хотири таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвари азизамон ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардумамон мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ҳоло метавонем бо ифтихор гӯем, ки сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид: имрӯз башарият илова бар ин, ки таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, инчунин дигар иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ доир ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад.

Масалан, бо дарназардошти ин, ки нарасидани оби тоза торафт ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2003 - Соли оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби 142 кишвар дастгирӣ ёфт, ки дар доираи он бо қарори Созмони Милали Муттаҳид як силсила чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Форуми об дар шаҳри Душанбе доир шуд. Ҳамчунин пешниҳоди мо доир ба Даҳсолаи оби тоза эълон кардани солҳои 2005-2015 аз ҷониби 141 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт, ки дар доираи он низ бо резолютсияи Ассамблеяи генералӣ чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ, аз ҷумла амалиёти «Об барои ҳаёт» дар тамоми сайёра идома доранд.

Вале чунонки ҳамаи мардуми Тоҷикистон дар ёд доранд, расидан ба ин рӯзҳои орому пурсаодат ва таъмин кардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти ниҳоят вазнини ҷониву молӣ ва машаққату маҳрумиятҳои сангини маънавӣ муяссар гардид. Дар як фосилаи кӯтоҳи таърих модари тоҷик даҳҳо ҳазор фарзандони худро аз даст дод, ҳазорон нафар кӯдакон бепадар ва занон беҳамсару бесаробон монданд, садҳо ҳазор бинову хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо ва роҳу пулҳо харобу валангор шуда, ба иқтисоди миллӣ даҳҳо миллиард сомонӣ зиён расонида шуд.

Ин ҳама, албатта, даҳшат ва фоҷиа буд. Зеро миллате, ки таърихи сабтшудаи чандинҳазорсола дорад, анъанаҳои таърихиву фарҳангии бостонӣ ва ҷовидонӣ дорад, мардуми солор, сарбаланд ва хирадманд дорад, дучори фитнаву дасисаи бадхоҳону душманони худ гардид, ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор шуд, яъне фарзандони як модар ба ҷони ҳамдигар теғ кашиданд.

Дар ин лаҳзаҳои хуши идона ба хотир овардани он рӯзҳои талх бесабаб нест. Инсон танҳо бо нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҳлили холисона, оқилона ва мардонаи шебу фарози роҳи тайкардаи хеш метавонад пеш равад, зиндагии ояндаи худро обод созад ва дар раванди бархӯрди манфиатҳои глобалӣ ба иштибоҳ роҳ дода, бозичаи дасти дигарон нашавад. Мо ҳамеша дар бораи аҳамияти ин даҳ соли тақдирсоз, мақому манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ андеша мекунем, сабаб ва оқибатҳои харобиовари низоъи таҳмилии дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳонаро таҳлил менамоем. Албатта, падидаи нодир будани муросои миллӣ, мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирифтани ин таҷриба боиси сарфарозии мост. Вале барои мо муҳимтар аз ҳама он аст, ки мо бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург аст ва ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти бузург мебошад. Мардуми мо, хусусан ҷавонон бояд донанд, ки тундравию худхоҳӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва гузашта аз ин, пушти по задани иродаи халқу зери по кардани қонун оқибатҳои даҳшатнок ва фоҷиабор дорад.

Зеро вақте иродаи халқ, хоҳиши аксари мутлақи мардум сарфи назар мешавад ва замоне, ки сохти давлатдорӣ бар пояҳои зулму тааддӣ устувор мегардад, он давлату ҳокимият, бешубҳа, нопойдору бебақост. Чунки халқ сарчашмаи ҳокимият аст ва майлу иродаи он муайянкунандаи табиат ва асли ҳокимият мебошад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Шумо хуб дар ёд доред, ки аввалин падидаҳои ошкорбаёнӣ ва гуногунандешии сиёсӣ дар миёни ҷомеаи мо ҳанӯз пеш аз суқути давлати абарқудрати Шӯравӣ зуҳур карда буданд. Ғояи ягонагии милливу фарҳангие, ки дар он давраҳо фазои мафкуравии ҷумҳуриҳоро таҳти таъсири қатъӣ қарор дода буд, суннату анъана ва андешаҳои миллиро дар доираи хеле маҳдуд нигоҳ медошт ва имкон намедод, ки миллатҳо ва халқҳо ҳуввияти милливу таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худро инкишоф бахшанд. Бинобар ин, баробари эълон шудани бозсозӣ ва кушода гардидани роҳ барои гуногунандешӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ майли ихтиёрдорӣ ва рушди ифтихори миллӣ босуръат авҷ гирифт.

Дар кишвари мо ин гуна кӯшишҳои ошкоргӯиву озодиҷӯӣ нахуст дар масъалаҳои фарҳангу маънавиёт ба вуҷуд омаданд. Бояд гуфт, ки охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта дар саҳнаи сиёсии кишвар нерӯҳое рӯи кор омаданд, ки мушкилоти миллӣ ва проблемаҳои фарҳангӣ, пеш аз ҳама масъалаи забони тоҷикиро ҳарчи бештар мавриди баҳс қарор медоданд. Ин гуна иқдомоти пайдарпайи аҳли зиё, махсусан аҳли илму фарҳанг заминаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро фароҳам сохт ва 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забон» қабул гардид, ки ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи забон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин давра сатҳи фаъолияти сиёсии қишрҳои мухталифи ҷомеа тадриҷан боло рафта, андешаи миллӣ, эҳсоси миллатхоҳӣ ва тафаккури сиёсӣ оҳиста-оҳиста ташаккул меёфт.

Дар самти сиёсӣ баҳсу мунозираҳо асосан дар атрофи маҳдуд намудани нуфузи ҳизби ҳоким ҷараён мегирифтанд ва талаби гуногунандешии сиёсиву озодии баён аз мавзӯъҳои асосии рӯз буд.

Вале, мутаассифона, кор тадриҷан ба ҷое расид, ки мавзӯи баҳсу мунозираҳо аз доираи мушкилоти воқеии умумимилливу умумидавлатӣ берун рафта, аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо ва қувваҳо хоҳишу талоши ба даст овардани қудрати сиёсии мамлакат оғоз гардид. Ҳамзамон бо ин, ҳатто намояндагони миллату халқиятҳои гуногуни маскуни Тоҷикистон ба ташкили созмонҳо ва ҷамъияту иттиҳодияҳои худ пардохтанд ва баррасии мушкилоту проблемаҳои сатҳи минтақаву маҳалҳои алоҳида ҳамчун мавзӯи асосии ин гуна маҳфилҳо қарор мегирифт. Ба ибораи дигар, манфиатҳои маҳдуди минтақаву маҳал аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузошта мешуданд, ки ин тамоюл дар оянда хатари бузургро ба бор оварданаш мумкин буд.

Ва дере нагузашта, тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ва ба ҷабҳаҳои мухолифи ҳамдигар тақсим шудани қувваҳои сиёсӣ оғоз гардиданд. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё мақоми олии қонунбарор - Шӯрои Олии мамлакат доимоамалкунанда бошад. Бо талаби майдонҳо зуд-зуд иҷлосияҳо баргузор мегардиданд ва ба қонунҳо тағйиру иловаҳои иҷборӣ ворид карда мешуданд. Муқовимати сиёсӣ бошиддат авҷ гирифта, оқибат ба мухолифат ва задухӯрдҳои мусаллаҳона овард. Вазъи сиёсӣ чунон печида ва бӯҳронӣ гардида буд, ки ҳатто Ҳукумати ба ном муросои миллӣ аз ӯҳдаи роҳбарӣ кардани давлату ҷомеа баромада натавонист. Ҷумҳурии тозаистиқлол оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва дар кишвар беқонунӣ, бенизомӣ ва анархияи сиёсӣ ҳоким гардид.

Бо истифода аз чунин фурсат баъзе қувваҳои сиёсӣ ба кӯшиши бо роҳи ғайриконститутсионӣ ба даст овардани қудрат пардохтанд. Баъзе қувваҳои радикалӣ ҳам фаъол гаштанд. Як қисми уламо ва ходимони дин аз доираи вазифаю салоҳиятҳои худ баромада, дар миёни аҳолӣ ва масоҷид ихтилофи назар ба вуҷуд меоварданд. Рафтору гуфтор ва кирдори тазоҳургарони майдонҳо гувоҳӣ медод, ки онҳо тибқи нақшаи дар берун тарҳрезишуда амал мекунанд.
Бадтар аз ҳама, қисме аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ҷои ором кардани мардум, ҳимояи қонун ва таъмини тартибу низоми ҷамъиятӣ бетарафиро ихтиёр карданд, ки ин хиёнати рӯирост буд. Ҳамин тариқ, дар он рӯзҳо хатари ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистон ба воқеият табдил меёфт.

Барои пеши роҳи ин селоби фалокатборро гирифтан ва наҷот додани миллат аз парокандагӣ афроди солимфикр ва фарзандони ватандӯст муттаҳид шуданд, зеро вазъият андешидани чораҳои қатъӣ, фаврӣ ва таъхирнопазирро тақозо мекард. Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъват карда шуд. Тавре ки борҳо изҳор дошта будам, вазъи сиёсиву амниятӣ дар пойтахт чунон хатарнок буд, ки ҳатто ба гузаронидани иҷлосияи парламент имкон намедод.

Ташкил ва баргузор намудани иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд низ кори осон набуд. Ҳарчанд ки Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи дар он ҷо гузаронидани иҷлосия қарор қабул карда буд, вале на ҳамаи вакилон ҳозир шуданд. Рӯзҳои аввали иҷлосия - 16-17-уми ноябри соли 1992 бенатиҷа анҷомиданд. Танҳо рӯзи сеюм кори иҷлосия ба маҷрои дуруст ворид шуд ва рӯзномаи кори он тасдиқ гардид. Вакилон беш аз пеш масъулияти ором кардани авзоъ ва зарурати шадиди барқарор намудани сохторҳои идораи давлатро амиқан дарк мекарданд. Барои ин пеш аз ҳама зарур буд, ки ҷонибҳои даргир ба мусолиҳа оварда шаванд. Дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассос мо ташаббус кардем, ки қумондонҳои ҳарду ҷониби даргир дар як толор ҷамъ оварда шаванд. Ин аввалин кӯшиши ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳа буд. Зеро он рӯзҳо барои ҳама маълум буд, ки агар пеши роҳи хунрезӣ гирифта нашавад, миллат пароканда гардида, давлати ҷавони тоҷикон аз байн меравад.

Аз ҷониби роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ баъди омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъият барномаи мушаххаси аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баровардани кишвар пешниҳод карда шуд, ки самтҳо ё ҳадафҳои асосии он аз хотима додан ба хунрезӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор кардани фаъолияти пурра фалаҷгардидаи мақомот ва сохторҳои ҳокимият аз поён то ба боло, такмили қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси артиши миллӣ, ҳифзи сарҳад, ташкили кори корхонаҳо ва хоҷагиҳо, ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисоди бозорӣ, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пайвастан ба созмонҳои байналхалқӣ, ба роҳ мондани робита ва муносибатҳо бо мамолики дуру наздик ва монанди инҳо иборат буд.
Илова бар ин, масъалаи бо озуқаворӣ таъмин кардани аҳолӣ дар он рӯзҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки бояд бетаъхир ҳал карда мешуд. Зеро дар он рӯзҳо хатари гуруснагӣ аллакай қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, водии Вахш ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Одамон аз гуруснагӣ ҷон медоданд. Дар минтақаи Кӯлоб зиёда аз 10 ҳазор ба бемории гелиотроп гирифтор шуданд.

Ҳамзамон бо ин, дар назди мо роҳи ба муросо овардани ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии гуногун ҳамчун проблемаи муҳимтарини сиёсӣ қарор дошт, чунки фақат бо ҳамин роҳ мо метавонистем вусъат пайдо кардани ифротгароии сиёсиро пешгирӣ карда, барои ҳамдигарфаҳмии мардум замина фароҳам оварем.

Дар баробари ҳамаи он тадбирҳое, ки ба хотири оромии авзои сиёсӣ, эҳёи иқтисоди фалаҷшуда ва беҳдошти рӯзгори мардум андешида мешуданд, мо инчунин барои сари мизи гуфтушунид нишастани намояндагони Ҳукумат ва мухолифин низ талошҳо мекардем. Зеро барои ҳар як фарди солимфикр маълум буд, ки идома ёфтани муқовимати мусаллаҳона боиси талаф ёфтани ҷони ҷавонмардон ва харобиву нобасомониҳои минбаъда мегардад. Ғайр аз ин, ҳарду ҷониб дақиқу мушаххас медонист, ки оқибати ҳама гуна ҷанг муросо ва сулҳ аст ва ҷангу зӯроварӣ ҳеҷ гоҳ инсонҳоро ба мурод намерасонад. Бинобар ин, ҳарчи зудтар ба сари мусолиҳа ва оштӣ омадан ба манфиати мардуму кишвари мост. Сулҳ барои пешбурди корҳои давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои он чун обу ҳаво зарур буд. Бо дарки ин ҳақиқат ва масъулият дар назди мардум ва ояндаи давлату ҷомеа мо музокиротро оғоз кардем.

Вале бояд гуфт, ки роҳи сулҳ низ чандон ҳамвору бемонеа набуд. Дар он рӯзҳои ҳалкунандаи тақдири миллату давлат шахсон ва қувваҳое низ буданд, ки ба тақозои ғаразҳои сиёсии худ мегуфтанд: агар мо бо мухолифин сари музокирот нишинем, эътибори Ҳукумат ва роҳбарияти он паст мегардад. Лекин мо ҳама гуна эҳсосоти сиёсиву ғаразҳои гурӯҳиро як сӯ гузошта, танҳо бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ ба гуфтушуниди сулҳ оғоз кардем.

Дар раванди музокирот дурандешии сиёсӣ ва танҳо ба хотири оромии ҷомеа гузашт кардан принсипҳои роҳнамои мо буданд. Ба ҳама маълум аст, ки аз соли 1992 сар карда, мо 11 санади авф қабул кардем, ки онҳо ба қариб 60 ҳазор нафар айбдоршавандаву судшавандаҳо ва маҳбусон татбиқ гардиданд.

Дар он рӯзҳои душвор ҳар лаҳзаи расидан ба мусолиҳа барои ҳарду ҷониб ғанимат буд. Гузашта аз ин, тамоми мардуми кишвар, чи хурду чи бузург аз мо фақат натиҷаи мусбати гуфтушунидро интизор буданд.

Дар робита бо ин, бояд гӯям, ки ба сулҳи миёни тоҷикон пеш аз ҳама худи мо - тоҷикон манфиатдор будем. Чунки шиори зиндагии миллати сулҳдӯсту фарҳангпарвари мо ҳамеша дӯстиву рафоқат ва самимияту садоқат будааст ва Мавлонои бузург гӯё барои мо гуфтааст, ки:

Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Баъди бисту як вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Москваю Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоиро дар Москва доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем.

Дар бораи аҳамият ва нақши муҳими Созишномаи сулҳи тоҷикон барои мардуми тоҷик ва умуман дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир будани он муҳаққиқону муфассирон андешаҳои зиёде гуфтаанд, роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онро тавсиф кардаанд. Доир ба аҳамияти Созишномаи сулҳ ман дар як суханронии худ гуфта будам ва дар ин рӯзи муборак мехоҳам бори дигар такрор намоям, ки қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Бинобар ин, сулҳ барои мардуми мо баробари истиқлолият муқаддас ва бебаҳост. Бо дарназардошти ин, ба ҳамаи мардуми тоҷик, аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муроҷиат карда, мегӯям, ки ҳаргиз манфиатҳои шахсӣ ва ҳизбиву гурӯҳии худро аз ин неъматҳои пурарзиш болотар нагузоранд. Баръакс, онҳоро ҳифз намоянд, аз Ватани соҳибистиқлол ифтихор дошта бошанд ва ҳамеша шукронаи онро ба ҷо оранд.

Бо имзои Созишномаи сулҳ мо ба ҷанги даҳшатбори дохилӣ хотима бахшидем. Мо собит карда тавонистем, ки миллати мутамаддин ҳастем ва ҳамчун кишваре, ки аз рӯзҳои мудҳиш ва сахт гузаштааст, хоҳони сулҳем ва ҳамеша ҷонибдори онем, ки дар тамоми нуқтаҳои доғи ҷаҳон проблемаҳо танҳо бо роҳи музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл карда шаванд.

Бо имзои санади сулҳ мо пеш аз ҳама давлат ва миллатамонро наҷот додем. Таърих чунин воқеаҳоро бисёр дидааст, ки бар асари низоъ ва кашмакаши хонадони як салтанат давлатдории он халқу миллат комилан аз байн рафта ё ба қисму қаламравҳо пора гашта, тобеи абарқудратҳои дигар шудааст. Хушбахтона, мо ба чунин ранг гирифтани кор роҳ надодем ва нагузоштем, ки ба қавли бузургони гузаштаамон деҳқони мо барои бегонагон кишт намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар раванди татбиқи тадбирҳои пешбиникардаи Созишномаи сулҳ яқин гашт, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои сулҳу субот ҳамаи нерӯҳои ватандӯсту ватанпарвар, ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳам муттаҳид карда шаванд. Ва дар ин замина зарурате пеш омад, ки дар баробари Шӯрои ҷамъиятӣ як ташкилоти умумихалқӣ, ки доираи ҳарчи васеътари мардумро фаро гирад, таъсис дода шавад. Ин корро мо дар шакли Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон анҷом додем.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин ташкилот ин аст, ки ғояи ваҳдат ва ягонагии миллат дар шуури тамоми қишрҳои ҷомеа нуфуз пайдо кунад ва ба ин васила барои сарҷамъии мардуми кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шавад.

Имрӯз бо итминон метавонем гӯем, ки ҳам Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҳам Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳу ваҳдати миллӣ нақши арзанда бозиданд.

Вале бояд махсус таъкид намоям, ки оштии миллӣ ва сулҳу субот хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва ободгари тоҷик аст. Бо истифода аз фурсат бори дигар дар назди мардуми шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон сари таъзим ва эҳтиром фуруд меорам.

Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (рӯҳашон шод бод) ва ҳамсафони наздики ӯ саҳми арзанда доранд. Бинобар ин, ман имрӯз ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам.

Дар татбиқи санади сулҳ инчунин собиқ Комиссияи оштии миллӣ, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду ҷониб шомил буданд, нақши муассир ва созандаро иҷро кард.
Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун механизми татбиқкунандаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар муддати бештар аз дуюним сол кори хеле мушкил ва муҳимро иҷро кард. Протоколҳои Созишномаи умумӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомӣ, баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ маҳз бо гуфтушунид ва музокираҳои аъзои Комиссияи оштии миллӣ амалӣ гардиданд. Аъзои Комиссия, зеркомиссияҳо ва гурӯҳҳои кории он барои устувор кардани сулҳ ва оромии ҷомеа хизмати арзанда карданд.

Созмонҳои байналмилалӣ, махсусан намояндаҳои хоси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва сарварони намояндагиҳои он Исмат Китони, Ромиро Пирис Баллон, Дитрих Меррем, Ливиу Бота, Ян Кубиш, Иво Петров, Владимир Сотиров, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагони Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба тандурустӣ, наҷоти кӯдакон ва дигарон, роҳбарон ва намояндагони давлатҳои дӯст ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон, махсусан Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон хизмати арзишманде карданд, ки ба ҳамаи онҳо аз номи мардуми шарафманди тоҷик изҳори миннатдорӣ менамоям.

Дӯстони азиз!

Вақте ки дар бораи аҳамияти сулҳи тоҷикон сухан меронем, бояд гуфт, ки барои ноил шудан ба он мо ҳамаи омилҳои дохиливу хориҷиро дар маҷмӯъ ба эътибор гирифтем. Қабл аз ҳама, мушаххасоти хоси равонии мардум, майлу ирода ва талабу хоҳиши халқ, меъёрҳои аз ҷониби башарият эътирофшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва вазъи геополитикии минтақа ба назар гирифта шуданд. Вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон он рӯзҳо барои ҳамаи шумо маълум буд. Шабакаҳои терроризми байналхалқӣ хеле фаъол гашта буданд. Онҳо дар симои ҷунбиши Толибон такягоҳи мӯътамади худро пайдо карда буданд. Имрӯз фикр мекунем, ки агар ин сулҳи моҳияти ҳаётидоштаи мо ҷомаи амал намепӯшид, ҷои шубҳа набуд, ки қувваҳои ифротиву террористӣ ва ҷудоихоҳи минтақа ба ҳам меомаданд ва барои амнияти пеш аз ҳама минтақа ва тамоми ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекарданд.
Аз ин ҷиҳат низ сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ беназир ва нодир ба шумор меравад.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули халқамон аст, ки ин ҳам далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии мост. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки ин миллати фарзона дар тамоми умри дарози худ ҳамеша рӯбарӯ гаштааст, ҳамин асолати созанда ва заковати азалиашро ҳифз кардааст. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст. Зеро фақат аз ҳамин тариқ мо роҳи худро ба сӯи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома бахшида, ба хотири рушди минбаъдаи кишвари азизамон қадамҳои устувор гузошта метавонем ва дар шароити пурихтилофу пуртазоди ҷаҳони имрӯза фақат аз ҳамин тариқ симо ва мақоми арзандаи худро нигоҳ дошта метавонем.

Тоҷикон дар ҳеҷ давру замоне нисбат ба миллату халқҳои дигар иддаои афзалиятхоҳӣ ва бартариҷӯӣ накардаанд. Баръакс, мо доим мехоҳем бо дигар халқҳо дар фазои осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ зиндагӣ дошта бошем. Ин ҳам аз фазилатҳои неки сиришти миллати куҳанбунёди тоҷик аст ва мо бо он ифтихор мекунем. Чунки дӯстиву ваҳдати халқҳои ҷаҳон, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамкории судманд ва ҳамзистии осоишта аз мавзӯъҳоест, ки ҳамеша дар маркази андеша ва эҷодиёти бузургони мо қарор доштааст.

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Албатта ваҳдати миллии комил ҳамон вақт ҷомаи амал мепӯшад, ки мо корҳои оғозкардаи худро бо заҳмати шабонарӯзии аҳлона, софдилона ва содиқона ба анҷом расонем, яъне мушкилоти рафтуомади тамоми сокинони кишварро дар ҳама фаслҳои сол бартараф намоем, кишвари азизамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории онро таъмин кунем.

Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон воқеан ифтихор дорам ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии ҳамин мардуми шарифу сарбаланд ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, ниятҳои неки оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои ҳар сокини мамлакат зиндагии аз имрӯза беҳтару сазоворро таъмин менамоем. Рӯҳи поки гузаштагони номдори мо, хотираи неки мардоне, ки барои оромии сарзамини аҷдодӣ ва тантанаи ваҳдати сартосарӣ ҷон фидо кардаанд, инчунин дуои хайри пирони рӯзгордидаи мамлакат мададгору раҳнамои мост.

Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азиз ва ҳамаи шумо - ҳозирини арҷманди ҷаласаи бошукӯҳи даҳсолагии ваҳдати миллиро бори дигар табрик мегӯям.

Ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунам, ки ба ҳар як хонадони мардуми шарифи Тоҷикистон ободиву осоиш ва хушбахтиву хушрӯзӣ ато намояд.
Барои Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи абадӣ ва фазои орому пешрафт орзумандам.

Поянда ва ҷовидон бод иттиҳоди миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст ва фарҳангпарвари тоҷик!

Ҳамеша саломату сарбаланд ва пирӯз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520