Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия

04.02.2009 21:00, Россия

Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия нимаи дуюми рӯз баргузор гашт.

Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои ин созмон Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, Россия - Дмитрий Медведев, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон - Қурмонбек Боқиев иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Президенти Арманистон Серж Саргисян иштирок дошт, ки кишвараш дар ин созмон дорои мақоми нозир аст.

Андешидани чораҳои муассири зидди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баррасии дигар масоили умда дар қаламрави кишварҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар маркази таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо қарор гирифт.

Қабули қарорҳоро дар бораи таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ бо маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Маркази технологияҳои олӣ метавон аз натиҷаҳои асосии Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия маънидод кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520