Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғи истироҳатию фароғатиии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом

11.08.2022 09:51, шаҳри Конибодом
Ифтитоҳи боғи истироҳатию фароғатиии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом  11.08.2022

11  август дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар боғи истироҳатию фароғатӣ моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта, дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд бунёд гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, дарахтони ороишӣ, гулҳои доимӣ ва мавсимӣ шинонда шудааст.

Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидааст, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Конибодом дар ин макон истироҳат менамоянд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Дар дохили боғи нав нишастгоҳҳо ва суҳбаткадаҳои замонавӣ насб гардидааст. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон ва дар маҷмуъ кулли сокинони шаҳри Конибодом дар боғи навбунёду замонавӣ истироҳату фароғат намоянд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520