Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

04.08.2012 14:00, ноҳияи Ёвон

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шиносоӣ бо рафти сохтмони як корхонаи азими сементбарорӣ, ки дар назди корхонаи мавҷудаи Ғаюр Семент бо номи Хуаксин Ғаюр Семент бунёд меёбад, оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо сармоягузории муштараки соҳибкорони тоҷику чинӣ, ки ҳаҷми умумиаш ба 100 миллион доллари амрикоӣ баробар аст, бояд то моҳи августи соли оянда сохта ба истифода дода шавад. Иқтидори лоиҳавии корхона 1 миллион тонна сементи навъи 400 ва 450 дар як сол мебошад.

Ҳоло дар ин ҷо беш аз 400 нафар машғули коранд. Баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав дар ин ҷо зиёда аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд, ки 1000 каси он шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

То имрӯз корҳои заминӣ пурра ва бунёди таҳкурсии корхона ба ҳадди 20% иҷро шуда, воридоти техникаю таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ босубот идома дорад.

Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар давраи сохтмон озод намудани ин корхона аз ҳамаи андозҳо ва боҷи гумрукӣ барои воридоти техникаю таҷҳизот арзи сипос намуда, уҳдадор шуданд, ки баъди ба истеҳсолот шуруъ намудан дар рушди саноати кишвар ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ саҳми намоён хоҳанд гузошт.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи нави семенбарорӣ ба ҳайси сӯзишворӣ ба ҷойи газ аз ангиштсанги ватанӣ истифода менамояд ва таҷҳизоти барои ин кор вориднамудаашон пурра ба талаботи ҷаҳонии экологӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ин корхона бо назардошти талаботи афзоянда ба семент дар бозори дохилӣ ва минтақавӣ бунёд меёбад ва ба гуфти роҳбарияти он баробари ба кори даромаданаш нархи ин маҳсулот дар дохили кишвар бояд хеле коҳиш ёбад, зеро бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ва сӯзишвории ангишт арзиши аслии он коҳиш меёбад.

Тавре иттилоъ дода шуд, моҳи сентябри соли равон 300 нафар ҷавонони тоҷик барои аз худ намудани ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ ва технологии ин соҳа ба Чин барои таҳсил фиристода мешаванд ва барои омода кардани мутахассисони миёнаю коргарӣ пойгоҳи таълимии омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Ёвон васеъ истифода хоҳад шуд.

Роҳбарияти тоҷикию чини корхона тасмим гирифтаанд, ки бар ивази як мактаби дар назди корхона вуҷуддошта онҳо 2 мактаби нави замонавӣ барои мардуми ноҳияи Ёвон сохта туҳфа мекунанд. Бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки як боғчаи кӯдакона ва хонаҳои истиқоматӣ барои коргарони корхона бунёд намуда, дар навсозии роҳҳои мошингарди ноҳия ва хатҳои барқу оби он саҳмгузорӣ мекунанд.

Сипас бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон комбинати коркарди шири Баракати шири Ёвон ба кор дароварда шуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶСП Комрон агро холдинг бо харҷи 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, 40 нафар, асосан занону духтарони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин мекунад.

Бо ишора ба маоши ками онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки моҳонаи миёнаи коргарон ҳоло 800 сомонӣ ва аз соли нав 1000 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Тавре зикр гардид, корхона корро аз коркарди 500 литр шир оғоз намуда, то охири сол бо назардошти талаботи бозор ба иқтидори лоиҳавии 5 тонна дар як шабонарӯз мебарояд. Дар ин ҷо 10 намуд маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла кефир, ҷурғот, дуғоб, сметана, қаймоқ, творог, яхмос, панир ва ғайра истеҳсол мешавад.

Дар маркази шаҳраки Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои навбунёди варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо варзишгарони маъруфи ноҳия суҳбат намуд.

Тавре маълум шуд, ин бинои сеошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бо харҷи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, аз толорҳои обутоби бадан бо асбоби варзишӣ, гӯштӣ, таэквондо ва ғайра иборат аст.

Барои машқу тамрин дар ин толорҳо, аллакай 14 мураббӣ ва зиёда аз 300 варзишгар номнавис шудаанд.

Дар паҳлӯи бинои варзишӣ як корхонаи дӯхти либоси кӯдакона бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад, ки он ҳам маҳсули фаъолияти соҳибкории Илҳом Мирзоев мебошад. Чунонки зикр гардид, ин корхона бо иқтидори дӯхти 10 ҳазор либос дар як сол пешбинӣ шуда, дар он то 400 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Ин соҳибкор аз ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳаш басо сарфароз гардида, уҳдадорӣ гирифт, ки то моҳи августи соли оянда аз ҳисоби фоидааш боз як бинои боҳашамати варзишӣ бунёд менамояд.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи равғанбарории Ато сехҳои нави асосӣ ва экстраксионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур бо харҷи 2,5 миллион доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, асосан равғани растанӣ, кунҷора ва дигар маҳсулот истеҳсол мекунад. Сехҳои нави корхона барои истеҳсоли равған аз чигити пахта, дони офтобпараст, маъсар, лӯбиё ва зағер пешбинӣ шудааст. Корхона имкон дорад дар як шабонарӯз аз 80 то 100 тонна ашёи хомро коркард намуда, маҳсулоти тайёр истеҳсол намояд. Дар ин корхона 120 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд, ки 20 касашон мутахассисони баландпояи муҳандисӣ-техникӣ ва технологҳо мебошанд.

Сехи нави экстраксионӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, барои равғанкашӣ аз кунҷора нигаронда шудааст. Тавре зикр гардид, баъди коркарди асосӣ донҳои равғандор то 17% равған дар таркиби кунҷора мемонад. Аз ин хотир равғани боқимонда бо истифода аз технологияи махсус дар сехи экстраксионӣ аз кунҷора ҷудо карда мешавад. Баъди чунин коркард танҳо 1% равған дар таркиби кунҷора мемонад. Дар ҳамин ҷо ба кунҷора ҳамзамон сафеда ва протеин илова мегардад, ки барои чорво басо фоидабахш аст.

Аҳли корхона ҳоло дар 12 га барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ маъсар кишт намудаанд ва оянда ният доранд, ки фаъолияти кишоварзиро барои таъмини худ бо ашёи хом вусъат диҳанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ба ин корхона барои кишти зироатҳои равғандор 300 га замини корам ҷудо намоянд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои ширкати чинии Ҷинян Инхай, ки дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон қарор доранд, ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами кишоварзони он бевосита шиносоӣ пайдо намуд.

Тавре зикр гардид, ба ин ширкат дар асоси созишномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ёвон 295 га замин барои дар амал нишон додани таҷрибаи пешқадами кишоварзони ин кишвар дода шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки онҳо асосан заминҳои бекорхобидаи партов, шӯрзада, обҳои зеризаминиаш баланд ва камҳосилро гирифта, дар муддати кӯтоҳ онро ба кори босамари кишоварзӣ мутобиқ месозанд ва аз он ҳосили баланди зироат ба даст меоранд.

Ҳадафҳои асосӣ аз ҳамкорӣ бо кишоварзони чинӣ ворид намудани техникаю технологияи пешқадами соҳа, барқарорсозӣ ва ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои бесифати партов, ворид ва ҳосил намудани тухмиҳои хушсифати серҳосил ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Бинобар таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҳисоби имкону захираҳои дохилӣ равона гардидааст».

Чунонки маълум шуд, кишоварзони чинӣ дар 30 гектар замин ба таври таҷрибавӣ як навъи чинии пахтаи серҳосилро кишт намудаанд ва бовар доранд, ки аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна 60 сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд. Дар чанд қитъаи дигар навъҳои нав эҷодшудаи пахта кишт карда шудааст. Ба серҳосилтарини ин навъҳои нав, ки ҳар ниҳолаш то 200 ва беш аз он кӯрак дорад, аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номи Дӯстӣ гузошта шуд.

Дар 180 га замин навъҳои серҳосили ҷуворимакка кишт намуда, аз ҳар гектараш то 100 сентнерӣ дон гирифтанианд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар як сол аз заминҳои обии водиҳои Тоҷикистон ду ҳосили дони ҷуворимакка гирифтан мумкин аст.

Кишоварзони чинӣ, дар ноҳияҳои Ёвон, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румӣ, асосан кишти пахта, ҷуворимакка, ғалладона, шолӣ, чормағзи заминӣ, сабзавот ва лӯбиёгиҳоро таҷриба мекунанд.

Тавре аён мегардад, муваффақияти асосии кори онҳо истифодаи босамару камхарҷ аз техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва тухмиҳои хушсифати серҳосил, дар зери пленка як моҳ барвақттар коридани зироат ва коркарди саривақтӣ ва илман асосноки заминҳои кишт мебошад. Ба гуфти мутахассисони таҷрибаомӯз онҳо дар як гашти техника якбора якчанд амалиёти кишоварзиро иҷро намуда, ба замин дар як сол як бор, вале ба қадри кофӣ нурӣ медиҳанд ва хароҷоти худро ба маротиб кам мекунанд. Онҳо обро ҳам кам ва босамар истифода мебаранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвонро, ки дар ин ҷо барои суҳбат бо роҳбари давлат ва шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони чинӣ ҷамъ омада буданд, ба омӯзиши ҳамаҷониба ва дар амал татбиқ намудани дастоварҳои пешқадами соҳа ҳидоят кард.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии Абдураҳмонҷони ҷамоати деҳоти Даҳана, ки дар ҳамсоягии наздики кишоварзони чинӣ қарор доранд, роҳбари он Абдумуталиб Охунов изҳор дошт, онҳо ҳоло таҷрибаи зироаткории ҳамсояи худро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва аз соли оянда онро дар амал татбиқ хоҳанд кард.

Чунонки маълум шуд, ин хоҷагӣ дорои 106 га замини корам буда, дар 60 га пахтаи навъи Хуҷанд 67 кишт намудаанд. Соли гузашта аз ҳар гектари он 31 сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол умед доранд, ин нишондиҳанда ба 35 сентнер мерасад. Аз 20 га ғаллаи обӣ ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил гирифта, дар заминҳои холишуда, кишти такрорӣ мегузаронанд. То имрӯз 9 га замин такроран кишт шудааст. Онҳо ҳамчунин дар 10 гектарӣ юнучқа ва полезӣ кишт намуда, дар 7 га боғи нави зардолу, гелос ва дигар дарахтони мевадиҳанда бунёд намудаанд. Хоҷагӣ 60 саҳмдор доштааст, ки ҳар яке ғайр аз маош бо 5 садяки замини коркардшудаи дар ихтиёрашон вогузоргардида, хӯроки бепули чорво ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба кор ҳавасманд карда мешаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо бо роҳбарияти ноҳия ва масъулони дигар аз қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз идораҳои обрасонӣ, ки қариб ба 8,5 миллион сомонӣ расидааст, қарзи маош ба кормандон, ҳолати бади мелиоративии зиёда аз 2 ҳазор гектар замини обӣ, берун мондани 130 га замини корам аз истифодаи кишоварзӣ ва қонуншиканиҳо дар соҳаи тақсимоти замин барои сохтмони манзил ёдовар шуда, барои бартараф кардани ин ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520