Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер

11.02.2009 14:30, Белгия

Субҳи рӯзи 11 – уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер мулоқот намуд.

«НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯи таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя ва бахусус Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад», изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеъи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ сурат гиранд.

Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши Тоҷикистон дар минтақа ва ҳамгироии он ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Дар чаҳорчӯби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва нақшаҳои дигари ҳамкорӣ бо НАТО оид ба ҷудо намудани техникаю таҷҳизоти нав ба сарҳадбонони тоҷик, ҳамгироӣ бо сарҳадбонони афғон, омода кардани кадрҳои низомӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба истифодаи потенсиали НАТО дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси НАТО дар Тоҷикистон, таъсиси Маркази наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунонӣ аз офатҳои табиӣ ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлатӣ бо Афғонистон баррасӣ шуд.

Масоили омодагӣ ба ҷаласаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ»-и НАТО, ки имсол дар Остона баргузор мегардад, низ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520