Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷашни 11-умин солгарди Рӯзи Ваҳдат

27.06.2008 19:00, шаҳри Бохтар

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро чунон ки борҳо изҳор намудаам, дар натиҷаи халалдор гардидани иттиҳоди миллӣ ва авҷ гирифтани мухолифатҳои дохилӣ гузаштагони мо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлату давлатдории бузурги худро, ки дар таърих бо номи давлати Сомониён машҳур аст, аз даст дода буданд.

Бо ҳукми тақдир ормони беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамон дар интиҳои асри ХХ амалӣ гардид ва мо аз нав соҳиби давлати мустақили худ шудем. Вале, мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Ва чунон ки ҳама дар хотир доред, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва пора гардида, аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.

Хушбахтона, мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор намудем, ки имрӯз аз он айём ёздаҳ сол сипарӣ мегардад.

Ва ёздаҳ сол инҷониб мо ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар ҳақиқат оғози марҳалаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон мебошад, таҷлил мекунем.

Ҳоло, ки мову шумо дар яке аз гӯшаҳои ободи кишвари азизамон – шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти номдори Хатлон ба хотири ин ҷашни бузург ҷамъ омадаем, ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми мамлакат, инчунин тамоми ҳамватанонамонро, ки берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, самимона табрику таҳният мегӯям.

Ва дар ин фурсати муносиб бори дигар таъкид менамоям, ки баҳамоии миллати мо танҳо аз баракати азму ирода ва майлу хоҳиши мардуми шарифи кишварамон амалӣ гардид.

Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад.

Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

Халқи мо дар фаросӯи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, ҳамчунин фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ, ки дар давраи Сомониён ба авҷи камолоти худ расида буд, бо вуҷуди фишори суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд.

Дар он рӯзгор ду девори бегазанд - девори сиёсии мамлакат, ки дар симои Исмоили Сомонӣ ва девори маънавӣ дар шахси устоди шоирони Аҷам – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва вазирони донишманде, чун Ҷайҳонӣ ва Балъамӣ таҷассум ёфта буд, дар заминаи ҳамин андешаи хирад ва фарҳангсолорӣ қомат афрохт.

Бузургтарин нерӯҳои эҷодии он айём ва давраҳои баъдтар, ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайём, Саноиву Аттор, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои бузург ва дигарон аз ҷумлаи сайқалдиҳандагон ва нерӯбахшони андешаи миллӣ буданд.

Дар давраҳои минбаъда ва хусусан асри бистум низ ба миллати мо муяссар гардид, ки сарфи назар аз фишору маҳдудиятҳои идеологӣ андешаи миллии худро нигоҳ дорад ва онро то дараҷаи муайян инкишофу таҳким бахшад.

Дар ин давра андешаи миллӣ ва ҳувияту худшиносии тоҷикон дар ҷасорати илмиву бадеии устодони илму адаб – Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва кору пайкори фарзандони содиқи миллат, чун Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур ва дигарон густариш ва бозтоби равшан пайдо кардааст.

Дар рӯзи ҷашни мубораки ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан ба он хотир аст, ки наслҳои имрӯзу оянда аз онҳо ҳам ифтихор намоянд ва ҳам сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, иттиҳоду ягонагии миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Дар мавриди раҳнамоӣ ба ифтихори миллӣ мехоҳам як нуктаи дигари муҳимеро зикр намоям, ки дар мадди назар доштани он дар шароити ҷаҳони муосир зарур аст.

Ман борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад.

Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Мо панҷ сол пеш дар ҳамин рӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар солҳои нооромии кишварамон ба яке аз маҳалҳои асосии муноқишаи миллӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона табдил ёфта буд, рӯзи ваҳдатро ҷашн гирифта будем.

Тибқи анъана, бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ҳар сол ин ҷашни саидро дар яке аз шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон таҷлил мекунем ва имрӯз мову шумо бори дигар дар шаҳри зебои Қӯрғонтеппа бо мардуми меҳмоннавози он гирди ҳам омадаем.

Бояд зикр кард, ки аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа на танҳо аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст, балки дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ нисбат ба солҳои пешин хеле ободу зеботар шудааст.

Ба ҳама маълум аст, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар буда, замини зиёди ҳосилхез, захираҳои фаровони табиӣ ва мардуми заҳматдӯст дорад.

Имкониятҳои он барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба амнияти озуқавории кишвар хеле бузург мебошанд.
Имрӯз дар нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ, Сарбанд ва Сангтӯда-1, ки дар дарёи Вахш сохта шудаанд, 90 фоизи нерӯи барқи мамлакат истеҳсол карда мешавад.

Инчунин дар ҳудуди вилоят як силсила корхонаҳои калонтарини кишварамон ҷойгир буда, бо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ машғуланд.
Ба истифода дода шудани кони гази Хоҷасартез, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, пули Панҷи Поён, агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», оғоз ёфтани сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», нақби «Шар-шар» ва азнавсозии шаҳри Кӯлоб ба муносибати таҷлили 2700-солагии он ва таҷдиди Маркази барқу гармидиҳии Ёвон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарине мебошанд, ки солҳои охир дар вилоят ба амал омаданд.

Баробари таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави он тадриҷан вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол ба сол беҳтар шуда истодааст, ки аз ин шукрона бояд кард.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар зиндагии мардуми мо ҳанӯз проблемаву мушкилот зиёданд. Хотирнишон месозам, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз ин мушкилот хуб огоҳанд ва барои ҳаллу фасли онҳо, дар навбати аввал ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат азму талоши пайваста доранд.

Ва тавре ки борҳо гуфтаам, ин мушкилот муваққатӣ мебошанд ва барои бартараф кардани онҳо танҳо вақт, сабру таҳаммул, ваҳдати миллӣ ва меҳнати созанда зарур аст.

Итминон дорам, ки мо бо талошу заҳмати дастҷамъона дар солҳои наздиктарин ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлати худ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми шарифамон ҳатман муяссар мегардем.

Вале дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд.

Дар ин росто мо бояд як асли ниҳоят муҳимро ба назар гирем: миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва ҳар фарзанди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Барои ин пеш аз ҳама нангу номус, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зарур аст.
Имрӯзҳо дар гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистони азизамон ва берун аз он ба муносибати 1150-солагии асосгузори назми оламгири тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ силсилаи чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд, ки онҳо, бешубҳа ба тақвияти бештари худшиносӣ ва таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллии тоҷикон мусоидат менамоянд.

Итминон дорем, ки чорабиниҳои зикршуда ҳамчун таҷассумгари дастовардҳои таърихиву фарҳангии халқамон барои ҳар як фарди ватанамон марҳалаи тозаи худшиносӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ мегарданд, ки ин барои таҳкими асосҳои давлату давлатдорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон бисёр муҳим ва пурқимат аст.

Дар охир бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, бароятон рӯзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони фаровон ва иқболу сарбаландӣ орзу менамоям.

Бигзор сулҳу ваҳдат мақсаду мароми зиндагии тамоми фарзандони Ватани азизамон гардад!

Бигзор ваҳдати миллии тоҷикон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пояндаву ҷовидона бошад!

Ҳамеша тансиҳат, комёб ва хонаобод бошед!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520