Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Жосек Волский

10.02.2009 21:00, Белгия

Масоили ҳамгироии гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Жосек Волский баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди намояндагони Парлумони Аврупо ва ҳайати махсуси кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба масоили ҳалталаби Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон, ки дар роҳи рушду нумӯи минтақа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҷалб намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «Аврупо бояд дар симои Осиёи Марказӣ шарики пурқудрат ва боэътимоди худро дошта бошад». «Агар ба хатару таҳдидҳои глобалие, ки минтақаи мо бо онҳо рӯ ба рӯ аст, дар марзҳои Афғонистон садди ҷиддӣ нагузорем, пас бо онҳо дар худи Аврупо мебояд мубориза бурд, ки он маблағу захираҳои даҳчандро талаб менамояд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дастгирии иқтисодӣ ва техникию технологии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз бӯҳрони молиявӣ зиёни калон мебинад, амри зарурию саривақтӣ маънидод гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони Парлумони Аврупо оид ба фазои ҳуқуқию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.

Матни пурраи ин сӯҳбат тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520