Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

21.07.2022 18:25, Қирғизистон
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров  21.07.2022

Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

Дар мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карда, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо оид ба муҳимияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ташаккули фазои нави ҳамёрӣ мусоидат карда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар такон мебахшанд, андешаи ҳамсон доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ба роҳ мондани муколамаи созандаи дуҷониба бар пояи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои рушди минбаъдаи онҳо муҳим дониста шуд. Дар робита ба ин, Сарони давлатҳо ба ҳалли тамоми масъалаҳо бо назардошти манфиатҳои тарафҳо танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсию дипломатӣ изҳори ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти механизмҳои ҳамёрии дуҷониба, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷоннок карда шавад.

Сарони давлатҳо муҳимияти истифодаи ҳамоҳангшудаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва густариши ҳамкориро дар ин самт таъкид карданд. Ба мувофиқа расида шуд, ки фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Кирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи захираҳои об муҷаддадан фаъол гардонида шавад.

Президентҳо фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Аралро дар заминаи раёсати Тоҷикистон дар ин сохтор баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, онҳо ба идома додани талошҳои пайвастаи ҳамаи давлатҳои муассис ҷиҳати такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқию қарордодии ФБНА бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бидуни истисно изҳори ҷонибдорӣ карданд.

Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки бар асоси онҳо ду халқ аз замонҳои қадим зиндагӣ ва бунёдкорӣ кардаанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои созандаи ду ҳамсояи наздик мусоидат хоҳанд намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520