Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" дар ноҳияи Ховалинг

16.07.2022 13:00, ноҳияи Ховалинг
Боздид аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" дар ноҳияи Ховалинг   16.07.2022

16 июл дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" дар ноҳияи Ховалинг дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар намуди зироат таҷрибаи бой дошта, дар роҳи расидан ба яке аз 4 ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад.

Ин хоҷагӣ соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва 4 нафар саҳмдор дорад.

Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ мебошад.

Аҳли захмати хоҷагӣ соли равон дар як гектар замин парвариши сабзавотро дар асоси тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондаанд. Ин шабурӯз зироати хоҷагидорон нашъунамои хуб дорад.

Дар заминҳои хоҷагӣ аксар намуди зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лубиё, ҷуворимакка барои дон, ҷорӯб ва дигар маҳсулот ба назар мерасад.

Истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди парвариши сабзавот ва риояи агротехникаи кишту парвариш ба таъмини фаровонҳосилӣ дар қитъаҳои хоҷагии мазкур замина гузоштааст.

Хоҷагидорон соли гузашта 1 тонна пиёз, 2 тонна картошка, 1 тонна гандум ҷамъоварӣ намуда, дар ин баробар лубиёдонагӣ ва помидору бодиринг низ истеҳсол ва ба миқдори зарурӣ дар қуттиҳои шартӣ захира намуданд.

Парвариши сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ асосан, барои таъмини эҳтиёҷоти хонаводагӣ ва захира барои ду соли оянда пешбинӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти корҳои агротехникӣ ва кишту парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" ба фаъолияти аҳли заҳмат дар самти риояи маданияти баланди истифодабарии замин баҳои баланд дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520