Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе

21.02.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуда, мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва кабудизорсозию ободонии муҳити зист ҳидоят намуд.

Таҷрибаи деҳқонони асил ва дастовардҳои илмии олимон собит намудаанд, ки дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон беҳтарин мавсими ниҳолшинонӣ давраи аз охирҳои тирамоҳ то рӯзҳои аввали баҳор мебошад.

Аз ин хотир аз охирҳои тирамоҳ ва оғози зимистони ҷорӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар, ки обу ҳавои мусоид доранд, мардум аз ҳар як рӯзи офтобӣ барои шинондани ниҳолҳо, барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав пурсамар истифода мебаранд.

Мавсими ниҳолшиноние, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори гуногуни Тоҷикистони офтобрӯяи мо, албатта ғайр аз ноҳияҳои баландкӯҳ, идома дорад, моҳи декабри соли гузашта бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.

Вусъати баланди корҳо баҳри барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, ки натиҷаи дастгирию ҳамовозии васеъ пайдо намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаю барномаҳои давлатии дар ин самт қабулшуда аст, ба болоравии ҳавасмандии мардум дар ривоҷ додани ниҳолпарварӣ мусоидат намуд.

Имрӯз парвариши ниҳолҳо ва ба фурӯш баровардани онҳо ба як навъ шуғли сердаромад барои деҳқонону боғпарварони кордон табдил ёфтааст, зеро дар бозорҳои сершумори ниҳолфурӯшӣ нархи ҳар як ниҳол аз 2-3 то 50-60 сомониро ташкил медиҳад.

Бозори ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо, ки барои бунёди боғҳо, ороиш додани кӯчаю хиёбонҳо, назди ҳавлию осоишгоҳҳо, дигар мавзеъҳо ва ҳамчунин баҳри поку пуртароват намудани ҳаво харидорӣ мешаванд, ҳамарӯза гарму серодам аст.

Ҳунари ниҳолпарварон ва маҳсули меҳнати онҳо байти машҳури Сайидои Насафиро ба ёд меорад, ки гуфтааст:

Ҷӯйи шир ояд бурун аз кӯҳ баҳри кӯҳкан,
Ризқи худ соҳибҳунар аз санг ҳосил мекунад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520