Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.02.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он наздики 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Нахуст Ҳисоботи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2009 муҳокима ва қабул карда шуд.

Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба таъсис додани шаҳраки Нуъмон Розиқ дастгирӣ ёфта, ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалакунанда «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои ду қонуни нав «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол» ва «Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» маъқул додиста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Яман дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию-илмӣ ва ду санади дигари ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Евразия оид ба шабакаи иттилоотонӣ дар соҳаи танзими техникӣ ва чораҳои санитарию фитосанитарӣ ва дар бораи асосҳои ҳамоҳангсозии регламентҳои техникӣ тасдиқ карда шуд.

Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод, Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва Санади интихоби самти барқарорсозӣ ва сохтмони қитъаи Душанбе-Данғара ва нақби Чормағзак бо роҳҳои ба он баранда дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ-Мурғоб-Кулма- сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тасдиқ карда шуданд.

Мақсад аз қабули Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ фароҳам овардани тартиби соддаи додани раводид маънидод гардид.

Қарор карда шуд, ки моҳи октябри соли 2009 дар Тоҷикистон Фестивал-симпозиуми байналмилалии Фалак гузаронда шавад.

Қуллаи беноми баландиаш 6230 метр, ки дар шохаи шимолу ғарби қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо воқеъ аст, Қуллаи Озодӣ номгузорӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки имсол ба он экспедитсияи байналмилалӣ бо иштироки кӯҳнавардони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон ташкил карда ва дар болои ин қулла Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодию истиқлоли давлатӣ гузошта мешавад.

Дар охири ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба иҷрои натиҷаҳои сафари кории рӯзи 24 феврал ба Федератсияи Россия анҷомдодааш, аз ҷумла дар бораи пурра ба кор даровардани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, муайян намудани механизми сохтмони се нерӯгоҳи нави миёнаиқтидори обӣ, вусъат додани корҳои ҷустуҷӯӣ дар конҳои газу нафт ва маъданҳои кӯҳӣ, тавсиаи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва гуманитарӣ супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқ ва гази табиӣ, танзими кори бонкҳои саҳҳомӣ, афзун намудани қарзҳои хурд ба соҳибкорони деҳот, оғози кишту кори баҳорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, ташкили намоишҳои ҷойҳои холии корӣ, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва доир ба дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520