Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷашни 13-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ

27.06.2010 19:00, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз аз рўйдоди тақдирсози ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон хоҳад монд, сездаҳ сол сипарӣ мегардад.

Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрўзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамаи ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро, ки аз дуру наздик ба хотири ҷашни мубораки ваҳдати миллӣ ба назди мардуми сарбаланду меҳмоннавози Бадахшон, ба шаҳри зебоманзари Хоруғ ташриф овардаанд, самимона табрику шодбош мегўям.

Боиси сарфарозист, ки дар ин рўзҳои гарми тобистон дар фазои саршор аз меҳру самимияти мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мову шумо Рўзи ваҳдати миллиро дар ин диёри воқеан афсонавӣ, ки оламиён Боми ҷаҳонаш меноманд, таҷлил менамоем.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, аз ҷумла мардуми баору номуси Бадахшон, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомўш сохта, бо сулҳу созиш, ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ роҳи ояндаро барои эъмори як давлати соҳибистиқлоли демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ муайян намоянд, ҳамеша сипосгузорем.

Ман сафари нахустинамро моҳи июни соли 1993 дар мақоми Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хуб дар хотир дорам. ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам, ки мардуми оддиву заҳматкаши ин диёр маро чун фарзандашон бо чеҳраи кушода ва нону намак истиқбол гирифтанд.

Он замон фазои сиёсиву иҷтимоии кишвар чандон ором набуд, вале мардуми Бадахшон ҳама хоҳони сулҳу субот ва оромӣ дар Ватани азизамон - Тоҷикистон буданд.

Онҳо бо вуҷуди мушкиливу норасоиҳои зиёди рўзгор, ки он рўзҳо қариб саросари мамлакатро фаро гирифта буданд, аз ман ҳамчун Сарвари давлат танҳо як чизро дархост мекарданд: ҳарчи зудтар дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардад.

Аз ҳамон вақт меҳр ва ихлоси ман ба мардуми фурўтану покдили Бадахшон беҳтар ва бовариам қавитар гардид. Ман амиқан эҳсос кардам, ки барои расидан ба ҳадафи неки пешгирифтаамон, яъне ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор аз ҳама бештар одамони оддӣ манфиатдоранд ва ин мардуми шариф моро сидқан дастгирӣ менамоянд.

Имрўз бори сивуҳаштум аст, ки ман ба вилояти Бадахшон сафар дорам ва мебинам, ки симои вилоят аз баракати кору заҳмати ин мардуми ободгар ва созанда торафт дигаргун мешавад.

Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархўрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд.

Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардўстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст.

Мардуми тоҷик дар таърихи тўлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бўҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.

Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ?ифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.

Масалан, чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни мо – Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, устод Рўдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва бузургони дигар арзишҳои бунёдӣ ва маънавияти зиндагисозро дар чорчўбаи ислом густариш дода, ҳамзамон бо ин, забону фарҳанги миллӣ, суннату русум ва симои хоси таърихии ниёгони худро дар замонҳое ҳифз намудаанд, ки дар он давраҳо даҳҳо миллату халқиятҳо ва давлатҳои хурду бузург аз арсаи таърих беному нишон гаштаанд.

Ё худ дар давраҳои баъдии таърихи тоҷикон як гурўҳ зиёиёни ватанпараст, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои таърихӣ ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт.

Маҳз ба шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл кардем.

Дар ин раванд мо, пеш аз ҳама, пойдевори кохи бузурги ваҳдатро бунёд гузошта, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳала ба марҳала заминаи мусоид фароҳам овардем.

Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумўи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад.

Имрўз сохторҳои давлатдории мо зина ба зина ташаккул ёфта, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сўи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намуда, ҳадафҳои наҷибу ояндасози давлатдориамонро амалӣ мегардонем.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ то ба имрўз мо ба як қатор дастовардҳои назаррас, аз ҷумла рушди соҳаҳои энергетика, роҳсозиву алоқа ва сохтмону кишоварзӣ ноил шудем, ки ҳамаи онҳо барои аҳли ҷомеа мисли оина равшану маълуманд.

Дар давоми чанд соли охир дар минтақаҳои кўҳистони кишвар беш аз 180 нерўгоҳи хурди барқи обӣ бунёд гардиданд ва нерўгоҳҳои Сангтўда-1 ва Помир-1 ба истифода дода шуданд.

Имрўзҳо сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2 ва корҳои барқарорсозӣ дар нерўгоҳи азими Роғун босуръат идома доранд.

Хурсандиовар аст, ки бунёди роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе-Кўлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Нуробод-Рашт-Саритош, инчунин пулҳои байнисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Хоруғ, Ишкошим, қалъаихумб, Ванҷ ва Панҷи Поён вилояти Бадахшонро бо пойтахти мамлакат ва кишварҳои Чин, қирғизистон, Афғонистон ва дигар мамолики дуру наздик мепайванданд.

Вале ин дастовардҳо ҳанўз моро қаноатманд намесозанд. Мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ ва сохтмони шоҳроҳҳои замонавӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, бахусус рушди саноату кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, пешрафти илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.

Дар роҳи иҷрои ин нақшаву ниятҳои нек мо ҳамеша ба азму иродаи халқи бузургамон такя мекунем.
 

Ҳозирини арҷманд!

Имрўз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шарофати сулҳу субот ва фазои осуда ба як ҷабҳаи бузурги бунёдкорӣ ва корзори созандагӣ табдил ёфтааст.

ҳоло фақат аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони беш аз 130 иншоот босуръат идома дорад ва мо дар давоми чанд рўзи охир, яъне дар арафаи ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, аллакай, якчанд иншооти муҳимро ба истифода додем. Илова бар ин, ҳоло дар қаламрави вилоят ба маблағи қариб 600 миллион сомонӣ даҳҳо лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки маблағҳои барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиву тиббӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудошуда ва ҷалбгардидаро танҳо мутахассисони соҳибкасбу соҳибтаҷриба самаранок ва мақсаднок истифода карда метавонанд.

Имрўз вазифаи асосии роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мутасаддиёни соҳаи маориф аз он иборат аст, ки ҷавононро ҳарчи бештар ба кор ҷалб намоянд, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандўстиву ватандории онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.

Мо бояд пойдевори фардоро имрўз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад.
Бадахшон дорои захираҳои дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарини оби тоза ва сарватҳои зиёди табиӣ мебошад. Ба ибораи дигар, дар зери кўҳҳои файзбори ин минтақа қариб ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок мавҷуданд.

Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, бахусус сангҳои қиматбаҳо яке аз соҳаҳои ояндадор ва сердаромад мебошад. Зеро талабот ба сангҳои нодиру қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ торафт меафзояд.

Бо кушода шудани роҳи мошингарди Хоруғ - Кулма – қароқурум, бунёди пулҳои байнимарзӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ бо Чину Афғонистон робитаҳои тиҷоратӣ ва додугирифти молу маҳсулот, бешубҳа, густариш меёбанд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ, паст шудани нархи молу маҳсулот, афзоиши даромади аҳолӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Бовар дорам, ки сокинони Бадахшон мисли тамоми халқи шарифи Тоҷикистон барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерўи бунёдкориашонро дареғ намедоранд, душвориҳои мавҷударо аҳлонаву сарҷамъона бартараф месозанд ва Боми ҷаҳонро ба минтақаи ободу пешрафта ва пойгоҳи замонавии сайёҳиву ҷаҳонгардӣ табдил медиҳанд.

Ман беҳуда Бадахшонро борҳо дарвозаи тиллоии Тоҷикистон нагуфтаам.

Мардуми Бадахшон чун қуллаҳои маъруфи ин диёри кўҳсор табиатан ботамкину сарбаланд ва соҳибҳунар буда, садҳову ҳазорон ҷавонмардони бонангу номус ва далеру ғаюр доранд, ки мисли фарзандони дигар гўшаҳои кишварамон номи баланди тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ мекунанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавии проблемаҳои сайёра ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш барои мардуми Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар заруртар аст.

Зеро таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рўзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, мо бояд бештар аз ҳар вақти дигар кўшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Мову шумо имрўз ҳамбастагӣ ва иттиҳоди сокинони кишвар ва ширкати фаъолонаи онҳоро барои рушду нумўи Ватани азизамон дар ҷодаи роҳсозиву бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ дида истодаем ва ба ин ҳақиқат бовар дорем, ки халқ нерўи бузург ва эҷодкори тақдири худ аст. ҳеҷ қуввае нест, ки садди роҳи ваҳдату ҳамбастагӣ ва азму иродаи созандаи халқ гардад.

Имрўз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем.

ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Мо - мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст.

ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омўзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ва гурўҳиву ҳизбӣ афзал шуморем.

Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рўзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомўзанд.

Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрўзу ояндаро ба сўи тамаддуни асрӣ, яъне дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаву технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем.

Гузашта аз ин, дар рўҳияи ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ, тамкину таҳаммул, ватандўстиву ватанпарварӣ, донишандўзиву меҳнатдўстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва қарзи инсонии калонсолону аҳли зиёи мамлакат ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Он рўз дур нест, ки мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистони азиз - ин кишвари домони гардун ва дорои табиати нотакрори худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфраструктураи пешрафтаи нақлиёту алоқа, сатҳи хизматрасонии баланд, яъне ба як мамлакати биҳиштосо табдил медиҳанд, ки орзуи дидани он дар дили ҳазорон нафар сайёҳону сокинони сайёра маъво мегирад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланд ва бонангу номуси Бадахшонро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хонаободӣ, рўзгори хушу осуда ва сарсабзиву сарбаландӣ орзу менамоям.
Бигзор ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша пойдор бошад ва аз ҳар хонадони тоҷик ҳеҷ гоҳ файзу баракат канда нагардад!

Бигзор дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон бо мадади рўҳи гузаштагони миллатамон сулҳу амонӣ, файзу баракат ва саодату хушбахтӣ ҷовидон пойдор бошад!

Итминони комил дорам, ки мо метавонем ҳама аҳлонаву сарҷамъона тамоми нерўи зеҳнӣ, қудрати ҷисмонӣ ва маҳорату истеъдоди худро ба хотири ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, осудагии мардуми шарифамон равона созем.

Мо ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии босаодати халқи азизамон умед баста, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки моро ба ҳадафҳои некамон расонад, ба мардуми сулҳдўсту ваҳдатсози мо пирўзиву сарфарозӣ ва иқболу сарбаландиҳо ато фармояд ва ваҳдати миллии моро ҷовидона гардонад.
 

Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Ташаккур !

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520