Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии ангури пешпазак дар ноҳияи Дӯстӣ

16.06.2022 09:54, ноҳияи Дӯстӣ
Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии ангури пешпазак дар ноҳияи Дӯстӣ  16.06.2022

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо фаъолияти саҳмдрони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиëда аз 12 гектар замин аст. Аз майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст овардаанд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд.

Се гектар ангурбоғе, ки имрӯз ҷамъоварии қисме аз он оғоз ëфт, соли якум аст, ки бор овардааст ва боқимонда 4 гектари токзор навбунëд мебошад. Тибқи дурнамо дар соли равон хоҷагидорон аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил интизоранд. Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунëд карда шудааст. Саҳмдорон мақсад доранд ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш бахшанд.

Зимни боздиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки саҳмдорони хоҷагӣ кӯшиш намудаанд ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода намоянд ва дар байни қатори токзори нав намудҳои гуногуни сабзавот, лубиëдонагӣ, полезӣ ва чормағзи заминӣ кишт кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин кишти такрорӣ мебошад ва қаблан дар қитъаи мазкур карам, лаблабу ва полезӣ кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Соли равон роҳбари хоҷагӣ Иномҷон Мамадҷонов дар намоиши байналмилалии «БОХТАР-ФУД» ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ иштирок намуда, имкон пайдо кардааст, ки дастранҷи худ, аз ҷумла 20 тонна лаблабу ва 10 тонна ҳандалакро ба хориҷи кишвар содир намояд. Ба ғайр аз ин дар масоҳати 40 садяк замини ҳудуди хоҷагӣ хӯроки чорво, хоса ҷуворимакка кишт гардидааст ва ин ҳам кишти такрорӣ мебошад. Пеш аз ин дар майдони зикршуда гандум кишт гардида буд, ки аз он 2 тонна ҳосил ба даст оварда шуд. Саҳмдорон маҳсулоти ҷамъоваришуда, яъне 2 тонна гандумро дар пайравӣ ба сиëсати дурбинонаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат барои зимистон захира намудаанд.

Хоҷагидорон ҳамасола ба кишту парвариши пахта низ машғул мешаванд ва имсола майдони ин навъи зироати техникӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ 3 гектарро ташкил медиҳад. Навъи пахтаи киштшуда "Флеш" ва "Флора" мебошад, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст ва ҳосилнокии баланд дорад. Парвариши пахта дар хоҷагии мазкур дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.

Сипас, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд. Кишоварзону дигар сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнати худ, аз ҷумла ҳосили зироати ғалладонагӣ, сабзавот, полезиҳо, зироати техникӣ, картошка ва меваҳои шаҳдрезро ба намоиш гузоштанд. Дар умум дар ин намоишгоҳ беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520