Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун

16.06.2022 05:50, ноҳияи Ҷайҳун
Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун  16.06.2022

Субҳи рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварданд.

Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд.

Майдони Парчами давлатӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, шаҳраки «Дӯстӣ» дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки зиёди ҷавонон ва сокинон партавафшон карда шуд.

Мувофиқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Иншоот дар масоҳати 50 сад як замин бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро ёфтааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар баробари мутахассисони ботаҷриба сокинони маҳаллӣ низ бо ҷойи кори мувақкатӣ таъмин карда шуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебоӣ зам менамояд.

Ҳамзамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар асоси лоиҳа сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 21 метр ва унсури муосири меъморӣ қомат афрохтааст.

Баробари барафрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Ҷайҳун барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.

Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спец-техника» бо сифати баланд иҷро гардида, ба истифода дода шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ низ мусоид мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо фаъолону ҷавонон партавафшон гардидани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки ин омил боиси дар қалби насли наврасу ҷавон бедор сохтани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520