Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор

11.06.2022 11:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла суръати ҷамъоварии ғалладонагиҳо шуниданд.

Роҳбари давлат ба раисони вилоятҳо ва ноҳияҳои зикршуда доир ба таъмин кардани истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва махсусан, ба раисони ноҳияҳои водии Рашт доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, инчунин, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», гирифтани пеши роҳи ҳама гуна исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба таври қатъӣ талаб карданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520