ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Рӯзи модар
Бо мақсади бузургдошти зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила фармон медиҳам:
8 март – Рӯзи модар эълон карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳамин фармон чораҳои зарурӣ андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2009
№ 632