Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»

07.06.2022 11:50, шаҳри Душанбе

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Меҳмонони азиз!

Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи об сурат мегирад.

Бовар дорем, ки он ҳамчун ҳалқаи асосӣ дар пайвастани занҷираи чорабиниҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт, саҳми муассир мегузорад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам зикр намоям, ки соли оянда мо, ҳамчунин, 20-умин солгарди саъю талошҳои муштаракамонро дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид таҷлил хоҳем кард.

Дар 20 соли охир мо зимни татбиқи ташаббусҳо, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза – 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013 саъю талошҳои муштаракро ҳамаҷониба тақвият бахшидем.

Ташаббусҳои ҷаҳонии зикршуда ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Мехоҳам нақши ташаббуси охири мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалии дар ин ҷода мувофиқашуда махсус таъкид намоям.

Итминон дорем, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории ин Конфронс сидқан миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, аз давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббус ва қатъномаҳои дар ду даҳсолаи охир аз ҷониби кишвари мо пешниҳодшуда самимона сипосгузорам.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав–ҳамагирии КОВИД–19 гардид.

Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд.

Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳаммияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.

Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи замин эҳтимоли расидан то нуҳ 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.

Дар баробари ин, талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоҳи он мебошанд:

– тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад;

– зиёда аз сеюним миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб дуюним миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархурдор нестанд;

– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.

Чунин вазъ бояд боиси нигаронии амиқи мо бошад.

Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нӯшокии бехатар ва бо ҳамдигар вобаста будани масъалаҳои об ва саломатиро дар меҳвари барномаи худ қарор додааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар конфронси имрӯза, инчунин, ҳамбастагии зичи об, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Мо дар 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво гардидем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳоямон таъсири манфӣ расонид.

Дар гузориши ба наздикӣ нашршудаи Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим низ нақши захираҳои об дар мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва ноил шудан ба устуворӣ дар ин раванд зикр гардидааст.

Дар он таъкид гардидааст, ки обшавии захираҳои барфу пиряхҳо ва яхбандии абадӣ метавонад таъсири пай дар пай дошта бошад ва суръати гармшавии глобалиро боз ҳам тезонад.

Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари куҳистон ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан, пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.

Барои мисол, дар натиҷаи ин раванд мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табиии марбут ба об шуда истодаем.

Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар мебинад.

Офатҳои табиии марбут ба об дар аксари мавридҳо боиси марги одамон ва хисороти зиёди инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд.

Намунаи дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

Дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст.

Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.

Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.

Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем.

Мо талошҳои худро дар самти мазкур дар сатҳи байналмилалӣ низ тақвият медиҳем.

Чанд рӯз пеш мо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии пешвоёни Эътилофи обу иқлимро баргузор намудем.

Дар доираи он Нақшаи амал бо зикри натиҷаҳои назаррас тасдиқ гардид.

Дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим моҳи марти соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Имрӯзҳо мо ҷиҳати татбиқи ин ташаббус дар ҳама сатҳҳо кор бурда истодаем ва умед дорем, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.

Муҳтарам иштирокчиёни конфронс!

Чуноне маълум аст, идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбута дониста мешавад.

Ин нукта барои Тоҷикистон низ аҳаммияти муҳим дорад.

Тақрибан 80 фоизи маҳсулоти кишоварзии мо аз ҳисоби заминҳои обёришаванда таъмин карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвари мо беш аз 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад.

Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне “нерӯи сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Вобаста ба ин мехоҳам  таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаи нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда махсус ҷалб намоям. Имрӯзҳо атрофи ин мавзӯъ баҳсҳо хеле зиёданд.

Вале дар гузориши соли гузаштаи Ассотсиатсияи ҷаҳонии гидроэнергетикӣ тасдиқ гардидааст, ки таҳкими ин соҳа дар баробари таъмин намудани рушди иқтисодӣ, ҳамчунин, метавонад дар самти мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ дошта бошад.

Ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва илова бар ин, боз ба зиёда аз 600 гигаватт иқтидор зарурат пеш меояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, метавонад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад.

Иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвари мо солона 527 миллиард киловатт (КВт) соатро ташкил медиҳад, ки мо то имрӯз ҳамагӣ 3 – 4 фоизи онро аз худ кардаем.

Имрӯз мо сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо иқтидори умумии 17 миллиард киловатт – соат (кВТ) нерӯи барқ идома дода истодаем.

Сохтмони иншооти мазкур намунаи барҷастаи талошҳои мо дар ин самт мебошад.

Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ ва хушксолӣ, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми бузург хоҳад дошт.

Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои аввалинро дар ҷаҳон ишғол мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисми зиёди барқи «Роғун» барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа нигаронида шудааст, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишварҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо ин, барқи «Роғун» ва дигар неругоҳҳои Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, ки яке аз мавзӯъҳои муҳимми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Мо ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем, зеро ҳамкориҳои фаромарзӣ, хусусан, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар соҳаи обу энергетика дар ҳалли бисёр масъалаҳо нақши калидӣ доранд.

Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар доираи раёсати худ дар Фонди байналимилалии наҷоти Арал авлавият додаем.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, мо якҷо ба ҳамсояи наздикамон – Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори умумии 320 мегаватт (МВт) оғоз бахшидем, ки намунаи барҷастаи гуфтаҳои боло мебошад.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Нуктаи муҳими дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирад, масъалаи маблағгузорӣ мебошад.

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, танҳо барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт талаботи ҳарсола тақрибан 114 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, талаботи солона барои татбиқи ҳадафҳои Созишномаи Париж дар соҳаи иқлим қариб ба ҳафт триллион доллар баробар аст.

Мусаллам аст, ки кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ чунин имкониятҳои молиявиро надоранд.

Аз ин лиҳоз, бе кумаки кишварҳои пешрафта, институтҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ дар таъмини ҳадафҳои рушд дучори мушкилоти зиёд хоҳанд буд.

Тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои асосӣ дар ин замина ба ҳисоб меравад, ки барои ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаи об ва инфрасохтори он имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шарикӣ, аз ҷумла бо дигар шарикони рушд ва бахшҳои берун аз соҳаи об, истифодаи технологияҳои муосир, навоварӣ ва таҳқиқоти илмиву фанновариҳои нав зарур мебошад.

Ин иқдомот аз ҷумлаи омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ба таври муассир мусоидат намоянд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, занону ҷавонон, мардуми бумӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ, ҳамчунин, метавонанд дар ин раванд саҳми арзанда дошта бошанд.

Маҳз ба ин хотир, масъалаҳои мазкур низ ба рӯзномаи ҳамоишҳову ҷаласаҳои Конфронси Душанбе ворид карда шудаанд.

Мо интизорӣ дорем, ки вобаста ба онҳо тавсияву паёмҳои мушаххас таҳия хоҳанд гардид.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа мо, инчунин, барномаи конфронсро бо баргузории қисми Марафони глобалӣ дар Тоҷикистон ва Фестивали оби Душанбе ғанӣ гардонидем ва шумо шоҳиди иди воқеии об дар кишвари мо гардидед.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки дар боло зикр кардем, Конфронси Душанбе дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 нақши калидӣ дорад.

Аз ин нигоҳ, Конфронси Душанбе барои ҳамоҳангсозӣ ва ба ҳам пайвастани натиҷаҳои чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамбастагӣ бо чорабиниҳои дарпешистода – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмон оид ба тағйироти иқлим ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ба ин ҳамоиши муҳимми байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронси соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва механизми «Созмони Милали Муттаҳид – ОБ» дар раванди омодагӣ ба ин конфронс ҳамкории зичро бо кишварҳои узв, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба роҳ мондаанд.

Мо бар онем, ки Конфронси мазкур, ки баъди қариб 50 сол аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда мешавад, на танҳо аз лиҳози ченаки замонӣ, балки бо натиҷаҳои самарабахши худ бояд ҳамоиши таърихӣ гардад.

Соли 2023, ҳамчунин, аз лиҳози бозбинии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор муҳим буда, арзёбии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» дар давраи аввали он ба суръатбахшӣ ва такон додани талошу амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳор менамояд.

Вобаста ба ин якҷо бо Подшоҳии Нидерланд ва шарикон аз Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок баргузор намудани чорабинии мазкур ҳамаҷониба талош хоҳем кард.

Итминони комил дорам, ки иштирокдорони конфронси имрӯза низ фурсати муносиби ин ҳамоишро барои мусоидат ба раванди мазкур ва таҳияи паёмҳои мушаххас ба Конфронси соли 2023 пайгирона истифода хоҳанд кард.

Ба ҳамаи шумо, иштирокдорони муҳтарами конфронс, муваффақият ва барори кор мехоҳам ва умед дорам, ки боздиди шумо аз Тоҷикистон хотирмон хоҳад буд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520