Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон

28.05.2022 12:26, шаҳри Душанбе

Рафиқон генералҳо,
афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо – фарзандони далеру шуҷои Ватани маҳбубамонро ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик самимона табрик мегӯям.

Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли кишварамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки неруҳои сарҳадбони Тоҷикистон дар давраи ниҳоят сахту сангини оғози истиқлоли давлатӣ, яъне дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, инчунин, дар шароити бисёр мушкили иқтисодиву молиявии кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуданд.

Воқеан, дар оғози солҳои навадуми асри гузашта дар сатҳи ноустувор қарор доштани ҳимояи сарҳади давлатӣ як иллати сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд.

Душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бо истифода аз чунин вазъи нобасомон ба қаламрави кишвари мо бо роҳи қочоқ силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд, ки барои сокинони мамлакат фоҷиаи бузург гардид.

Зеро чунин ҳолати вазнин метавонист боиси пароканда гардидани миллат ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони мо гардад.

Дар чунин шароити ҳассосу хатарнок бо саъю талоши фарзандони содиқу огоҳи Ватан моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ даъват ва баргузор гардид.

Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз, ки имсол аз баргузории он сӣ сол сипарӣ мешавад, 18-уми декабри соли 1992 дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил гардид ва 28-уми декабри ҳамон сол бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ бригадаи мазкур ба Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ табдил дода шуд.

Бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир мо 28-уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис дода, ин санаи таърихиро Рӯзи сарҳадбонон эълон намудем.

Дар муддати 28 соли сипаришуда Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди тамоми мушкилоте, ки хусусан, солҳои аввали таъсисёбии ин ниҳоди муҳимми низомӣ вуҷуд доштанд, ба хотири таъминоти моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Қӯшунҳои сарҳадии мо ҳоло ба як сохтори аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд ва яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳифзи оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат саҳми басо назаррасу таърихӣ гузоштанд.

Махсус таъкид менамоям, ки сарҳадбонони мо ҳифзи марзи давлатиро бо кишварҳои ҳамсоя ва пешгирӣ намудани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳоро дар шароити бисёр мушкил ва вазъи ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таъмин мекунанд.

Мушкилоти ҳифзи сарҳади тӯлонӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нақши минтақаи буфериро дорад, гувоҳи равшани аҳаммияти хоссаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Яъне тайи 28 сол сарҳадбонони мо, баробари ҳифзи марзҳои Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупоро аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилливу фаромарзӣ ҳимоя карда истодаанд.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то ба имрӯз дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ даҳҳо раёсату отрядҳои сарҳадӣ ва таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти касбии марзбонӣ, марказҳои таълимӣ, садҳо дидбонгоҳи сарҳадӣ ва нуқтаҳои назорати сарҳадӣ таъсис ва бунёд карда шудаанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот садҳо постгоҳҳои иловагии сарҳадӣ ташкил гардида, беш аз 800 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Мо ду рӯз пеш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсӣ дар комендатураи сарҳадӣ, маркази таълимӣ ва отряди сарҳадӣ шинос шудем ва имрӯз аз имкониятҳое, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисони сарҳадбон дар Маркази таълимии «Пойтахт» муҳайё карда шудаанд, яъне бо пойгоҳи замонавии моддиву техникии он ва шароити таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир боздид намудем.

Ҳамасола дар заминаи ин Маркази таълимӣ ҳазорҳо нафар мутахассисони хурди ихтисосҳои хизмати сарҳадӣ омода карда мешаванд.

Бар замми ин, тайи панҷ соли охир зиёда аз 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар қариб 1000 нафар ҷавонони мо бо омӯзиши ихтисосҳои сарҳадбонӣ машғуланд.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва хусусан, ҳайати афсарону омӯзгорони Донишкадаи олии сарҳадӣ, Маркази таълимии «Пойтахт» ва дигар марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти худ, боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳи таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ифтихори миллӣ ва ҳушёриву зиракӣ тарбия кардани донишомӯзон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Корро дар самти омода намудани мутахассисони ҷавон тавре ташкил бояд кард, ки онҳо вазифа ва уҳдадориҳои худро ба хотири ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намоянд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории мутахассисон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ба сатҳу савияи касбият, забондонӣ, одоби муоширати миллӣ ва маданияти баланди хизматрасонии кадрҳои сарҳадбон бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, неруҳои марзбонро водор месозад, ки ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро ҳаргиз фаромӯш накунанд.

Бахусус, марзбонон бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда вазифа ва масъулияти муқаддас мебошад.

Шумо – афсарону сарбозони шуҷои Ватан, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони кишвар қарор доред, бояд ба хотири иҷрои масъулият ва вазифаи худ, пеш аз ҳама, интизоми қатъии низомӣ ва риояи бечунучарои талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъмин намоед ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошед.

Шумо – афсарони муҳтарам, заҳмати худро дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон дареғ надоред ва ҳамеша ба унвони баланди афсари марзбон сазовор бошед.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас мебошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург медонад.

Бовар дорам, ки шумо минбаъд низ ба хотири ҳифзи амният ва осоишу оромии мардуми шарифи Тоҷикистон, марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ватандӯстонаву содиқона хизмат мекунед.

Бори дигар ҳамаи шумо – марзбонони далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони Ватани азизамонро ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Рӯзи сарҳадбонон самимона табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва амнияти сокинони мамлакат барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, муҳофизони содиқи марзу буми Ватан!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520