Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа

19.03.2009 13:30, шаҳри Ваҳдат

Худи ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш релсҳои нахустинро ба ҳам пайваст карда, ба сохтмони роҳи оҳани мустақими Душанбе - Қурғонтеппа оғози расмӣ бахшиданд.

Чунонки дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, то имрӯз пойтахт бо шаҳри Қурғонтеппа роҳи мустақими оҳан надорад. Барои бо қатора аз Душанбе ба маркази вилояти Хатлон рафтан роҳи дарозеро аз тариқи ҷумҳурии ҳамсоя тай бояд кард, ки масофааш 463 км аст. Бо сохтан ва ба истифода додан роҳи оҳан дарозии он қариб 4 баробар кам шуда, ҳамагӣ 125 километрро ташкил хоҳад дод. Дар ин сурат хароҷоти роҳ низ мутаносибан 4 баробар поён меравад.

Мутобиқи лоиҳа миёни Душанбею Қурғонтеппа бо харҷи қариб 500 миллион сомонӣ бояд 46 километр роҳи нави оҳан сохта шавад. Дар ин роҳ ҳамчунин 1100 метр нақб, 9 пул ва 2 гузаргоҳ бунёд меёбад.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисон самараи солонаи иқтисодии роҳи оҳани мазкур 46 миллион сомониро ташкил дода, маблағҳои сарфшуда дар муддати 10 сол пас мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва дар сӯҳбатҳои наздик бо аҳли ҷамъомад ҳамчунин хоҷагидорону кишоварзони мамлакатро ба вусъати кишти баҳорӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ғизоии ватанӣ ҳидоят намуд ва таъкид дошт, ки ин яке аз роҳҳои асосии паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти давлати мо ва некуаҳволии ҳар як оила аст.

Аз сиёсати созандагӣ ва бунёдкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳибкорони ноҳия Сафарбек Назаров илҳом гирифта, изҳор дошт, ки ӯ омода аст бо харҷи маблағҳои худаш ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат як нерӯгоҳи ҳароратии ангиштӣ бо иқтидори 50 мегават бунёд мекунад. Ӯ ба Президенти мамлакат қавл дод, ки то моҳи сентябри соли 2011, яъне то 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин нерӯгоҳро сохта, ба истифода медиҳад. Соҳибкор Сафарбек Назаров иттилоъ дод, ки дар назди ин нерӯгоҳ ҳамчунин як корхонаи истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелии сунъӣ (синтетикӣ) бунёд мекунад. Ба гуфти ӯ, дар ин ҷо то 1000 нафар дар давраи сохтмон ва ҳамин қадар каси дигар баъди ба кор даромадани ин иншоот бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Маблағи умумии сохтмони ин иншоот беш аз 65 миллион евроро ташкил медодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбатҳои озоду ошкоро мардумро бори дигар ба корҳои истеҳсолӣ, созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист ва кам кардани хароҷоти беҳуда дар гузарондани расму оини рӯзгор ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520