Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон

19.03.2009 11:30, шаҳри Ваҳдат

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар маросими ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ва оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Бо баргузории маросимҳои ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ва оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа, ки бо иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар айёми наврӯзӣ ҷараён мегиранд, гуфтан мумкин, вусъати тантанаҳои созандагию бунёдкории имсола ибтидо гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷамъомадаро бо ифтитоҳи Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ва фарорасии соли нави ориёӣ - Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфт.

Зимни шиносоӣ бо шароити дар ин марказ муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки дар таъмир ва таҷҳизонидани он беш аз 3,5 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Айни ҳол марказ дорои 2 шӯъба - пулмонологӣ ва ортопедо-неврологӣ, 40 кати хоб ва 61 ҷойи корӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда шумораи катҳои хоб дар ин марказ то 80 адад расонда шавад ва дар пушти он боз як бинои нав барои 80-100 нафари дигар бунёд ёбад.

Ин марказ барои барқарорсозии саломатии кӯдакони маъюби дорои бемориҳои шуш, узвҳои такягоҳӣ - ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб пешбинӣ шуда, дар он беҳтарин шароити табобатӣ, дилхушӣ ва барқарорсозии саломатии кӯдакон муҳайё гаштааст. Дар марказ беш аз 15 навъу усулҳои барқарорсозии физиотерапевтӣ ҳам истифода мешаванд, аз ҷумла гилдармонӣ, магнитдармонӣ, гармдармонӣ, дарсонвалдармонӣ, фаросавтдармонӣ, варзишдармонӣ, масҳдармонӣ, парафиндармонӣ, обдармонӣ, намакдармонӣ ва дигар намудҳо.

Барои аз хосияти волои табобатии намак хуб истифода намудан дар ин ҷо шахтаи сунъии намакӣ бунёд ёфтааст, ки барои табобати бемориҳои диқи нафас ва дамкӯтаҳӣ хеле муфид аст.

Зимни боздид аз ошхона ва ҷойи чойнӯшии кӯдакон, ки дар он аз гиёҳҳои шифобахши табиати Тоҷикистон васеъ истифода мешавад, Сарвари давлат маслиҳат дод, ки гӯшаҳои чойнӯшӣ аз гиёҳҳои нодиру шифобахши сарзамини кӯҳистони мо дар ҳамаи тарабхонаю чойхонаҳои калон ташкил дода шаванд.

Ба андешаи ӯ, ин воситаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва шиноссозии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ба хориҷиён хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди кормандони марказ ва дигар ҳозирини ҷамъомад кӯдаконро хазинаи бебаҳои миллӣ ва ояндаи ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки беҳтарин шароитҳои солимгардонӣ ва таълиму тарбия бояд пеш аз ҳама барои онҳо муҳайё карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соҳибкорону сарватмандони кишварро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва анҷом додани амалҳои хайру савоб барои беморону маъюбон ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520