Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Муғулистон

27.03.2009 20:00, Муғулистон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон заминаи муътамади сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ миёни ду кишвари дӯст, ки дар арсаи минтақа ва ҷаҳон манфиату вижагиҳои зиёди умумӣ доранд, муҳайё намуд.

Ин хулоса дар ҷараёни гуфтушуниду мулоқотҳои дуҷониба ва нишасти матбуотии оростаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр ба таври возеҳу равшан баён гашт.

Рафти ин сафарро ба тартиби хронологӣ инъикос намуда, бояд иттилоъ дод, ки дар роҳи Муғулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоххоти музофоти мухтори Муғулистони дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин таваққуфи кӯтоҳмуддат намуд.

Дар фурӯдгоҳи ин шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Хоххот Тан Айчжун мулоқот намуда, оид ба имконоти васеи ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи беканори Ҷумҳурии Мардумии Чин мавҷуд аст, гуфтугӯйи судманд анҷом дод.

Ҳарду ҷониб ба қарор омаданд, ки сохторҳои дахлдори сатҳи давлатӣ ва минтақавии Тоҷикистон бо ин музофоти давлати Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои истеҳсол ва коркарди алюминий, маҳсулоти чорво ва дигар бахшҳои кишоварзӣ ба роҳ монанд.

Ба фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 26 - уми март фурӯд омад.

Дар фурӯдгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ва бо ифодаи эҳтиром гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ субҳи рӯзи 27 – уми март оғоз ёфтанд.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Давлатии Муғулистон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр истиқбол гиифт.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди ифтихорӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, эҳтиром овадан чониби парчамҳои давлатии ду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъу томҳои низомӣ ва арзи салом ба сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.
Сипас мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр баргузор гашт.

«Мо омодаем, ки ҳамгироии минбаъдаи худро бо дӯстони муғулистонӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш диҳем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ягонагӣ ва ё наздикии мавқеъҳои ду давлат доир ба масоили асосии муносибатҳои минтақавию байналмилалӣ заминаи хуб барои рушди робитаҳои гуногунҷанба маънидод гардид.

Ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва мубориза бо хатарҳои ҷахони муосир таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, чорводорӣ, захира ва коркарди саноатии гӯшту шир ва пашму пӯст ва равобити илмию фарҳангӣ аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ шуд.

Миёни ду кишвар таъсис додани комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон Намбарин Энхбаярро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Баъди музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Муғулистон оид ба принсипҳои асосии муносибатҳои ду кишвар сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр имзо гузоштанд.

Ҳамчунин ба имзо расид:

- Cозишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;

Дар охир сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Намбарин Энхбаяр нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқотҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

«Мо барои рушди воқеии ҳамкориҳои дуҷониба заминаи кофии қарордодӣ-ҳуқуқӣ муҳайё намудем», - баён дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои сафари давлатии ӯ, аз ҷумла санадҳои имзошуда, барои густариши ҳамкориҳои ба ҳарду ҷониб судбахш роҳи васеъ мекушоянд.

Ба гуфти Намбарин Энхбаяр, Тоҷикистону Муғулистон дар баробари хамкориҳои гуногунсоҳаи дуҷониба метавонанд дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамгироии густурдаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дошта бошанд.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муовини раиси Хурали Давлатии Бузурги (Парлумони) Муғулистон Энхболт ва Муовини якуми Сарвазири он Алтан Ҳуяк мулоқот намуд.

Бо ҳамин барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон ба поён расид ва нимаи дуюми рӯзи 27 – уми март ӯ аз шаҳри Улан-Батор ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520