Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон

25.04.2022 14:30, шаҳри Душанбе

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Мо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамеша ҳавасманди густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем.  

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду ҷониб робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ пайгирона рушд хоҳанд ёфт. 

Дар ин зимн даъвати худро аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бори дигар таҷдид менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520