Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Исфара

17.04.2022 13:10, шаҳри Исфара

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти мову шумо – намояндагони мардуми меҳмоннавозу сарбаланди шаҳри бостонии Исфара расо як сол қабл дар деҳоти Ворух баргузор гардида буд.

Тавре ки аз субҳи имрӯз мушоҳида кардем, мардуми ватандӯсту соҳибмаърифати ободкори шаҳри Исфара дар қатори сокинони дигар минтақаҳои мамлакат барои сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расонидаанд, ки қобили таҳсину дастгирӣ мебошад.

Соли гузашта мо дар деҳоти Ворух дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ иштирок карда будем ва дар сафари навбатии имрӯза боз чандин иншооти навбунёдро ба истифода супоридем.

Мактаби хусусии байналмилалие, ки ҳоло мову шумо дар он мулоқот карда истодаем, аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ – бародарон Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он барои 800 нафар хонанда тамоми шароити замонавӣ ва барои омӯзгорон 50 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони шаҳр дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ ба маблағи умумии 610 миллион сомонӣ 501 иншоот бунёду азнавсозӣ гардида, дар онҳо беш аз 1800 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки пешравию ободиҳои то имрӯз ноилшудаи сокинони шаҳри Исфара далели возеҳи ҳисси баланди миллӣ ва азми қавии онҳо дар ҷодаи созандагии Ватани азизамон мебошад.

Тибқи маълумот ҳоло дар шаҳри Исфара бунёду азнавсозии боз даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бомаром идома дорад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр диққати махсус дода шавад ва ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии лоиҳаҳои пешбинишуда тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гарданд.

Зеро дар давоми як соли татбиқи барнома ҳамагӣ 19 фоизи лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардида, дар 50 фоизи лоиҳаҳои дигар корҳо идома доранд ва дар 31 фоизи лоиҳаҳо кор умуман оғоз нагардидааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шаҳри Исфара дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 2,2 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ шуда, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Дар соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии шаҳр 212 миллион сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳамагӣ 5 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои дар вилояти Суғд додашударо ташкил медиҳад.

Ҳол он ки дар шаҳри Исфара 18 000 нафар соҳибкорон фаъолият доранд, ки 15 фоизи шумораи умумии соҳибкорони вилояти Суғдро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои таъмин намудани дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дар маҷмӯъ, афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҷалби сармояи мустақим барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ нақши калидӣ дорад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба шаҳри Исфара ҳамагӣ 345 миллион сомонӣ сармояи мустақим, аз ҷумла 65 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки бо дарназардошти имкониятҳои бузурги шаҳр ниҳоят кам мебошад.

Шаҳри Исфара яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар буда, барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, рушди металлургия, технологияи барқӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти гуногуни саноатӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад.

Дар робита ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти корхонаҳои саноатии Исфара ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мегардид.

Барои амалӣ намудани ҳадафи стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар шаҳри Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолие, ки дорад, бояд саҳми назаррас дошта бошад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Исфара 28 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 12 корхонаи коркарди мева ва басту банди маҳсулот бунёд ва ба истифода супорида шудааст.

Вале соли 2021 дар шаҳр ҳамагӣ 6 коргоҳ бо 33 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш наёфтааст.

Дар ин давра аз 53 корхонаи саноатии шаҳр 46 корхона фаъолият карда, дар онҳо ба маблағи умумии 380 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,6 фоиз зиёд буда, аз нишондиҳандаи миёнаи рушди саноати кишвар бамаротиб кам мебошад.

Дар ин давра 12 корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2020 коҳиш дода, 7 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондааст.

Таъкид менамоям, ки чунин вазъ бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолии шаҳри Исфара қонеъкунанда нест ва барои иҷрои ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеа эҷод мекунад.

Соли 2021 нисбат ба соли қаблӣ дар шаҳр истеҳсоли либоси мактабӣ 4,7 баробар афзуда, сатҳи таъминнокии он ба 47 фоиз расидааст, ки ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Инчунин, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз 54 намуди маҳсулоти саноатии шаҳр истеҳсоли 16 намуд кам шуда, 15 намуди маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.

Чунин вазъи соҳаи саноати шаҳр ба сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар соли 2021 ва семоҳаи якуми соли ҷорӣ низ бетаъсир намондааст.

Бо вуҷуди таъмин гардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар шаҳри Исфара дар як солу се моҳи гузашта аз ҳисоби иҷро нашудани андоз аз даромад ба буҷет 6,6 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳамчунин, роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ, таҷдиди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба иқтидори пурра ба кор даровардани онҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити шиддат гирифтани таҳдидҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллии мо рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ба масъалаи муҳимтарини рӯз мубаддал гардидааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Исфара ҳарчи пурраву самаранок истифода карда шаванд.

Соли 2021 кишоварзони Исфара ба маблағи 780 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020 ҳамагӣ 1,1 фоиз афзоиш ёфта, аз нишондиҳандаи миёнаи рушди кишоварзии мамлакат хеле паст мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ нисбат ба соли қаблӣ 2,2 фоиз коҳиш ёфтааст, ки чунин вазъ аз ҳисоби кам гардидани ҳосили меваҷот (44,4 фоиз коҳиш ёфтааст), аз ҷумла зардолу (коҳишёбӣ – 61,4 фоиз) бар асари номусоид омадани боду ҳаво ба миён омадааст.

Соли 2021 дар шаҳри Исфара дар майдони 31 гектар боғҳои нав бунёд гардида, дар майдони 33 гектар корҳои барқарорсозии боғҳо амалӣ карда шудааст ва майдони боғу токзор ба 11 ҳазору 900 гектар расидааст (майдони боғ 11 ҳазору 500 гектар ва майдони токзор 395 гектар).

Аз майдони умумии боғҳо беш аз 10 ҳазору 600 гектар ё 92,2 фоизро боғҳои зардолу ташкил медиҳанд.

Вале бо вуҷуди афзоиши майдони боғҳо ҳосилнокии онҳо дар соли 2020-ум 23,6 сентнер ва соли 2021-ум хамагӣ 13,2 сентнериро ташкил додааст, ки қанеъкунанда нест.

Инчунин, соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр ҳосилнокии гандум , шолӣ ва картошка аз нишондиҳандаҳои кишвар ва вилоят паст шудааст.

Ҳол он ки таҷрибаи баъзе хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр нишон медиҳад, ки дар ҳолати истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи агротехника ва ҷалби мутахассисон ҳосилнокии ин намуди зироатҳо метавонад ба таври назаррас зиёд бошад.

Дар баробари ин, соли 2021 дар шаҳри Исфара картошка дар майдони 931 гектар кишт шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи дурнамо 270 гектар кам мебошад.

Бо вуҷуди он, ки содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара 45 фоизи содироти вилоятро ташкил медиҳад ва солҳои охир тамоюли зиёдшавии содироти он, хусусан, мева ба назар мерасад, имкониятҳои истифоданашудаи шаҳр дар ин самт то ҳол зиёд буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳри Исфара соли 2019-ум 8 ҳазор тонна, соли 2020-ум 13 ҳазор ва соли 2021-ум 26 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 20 фоизи содироти вилоят мебошад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти шаҳр ва масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус, кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладонагиҳо, меваю сабзавот ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди боз ҳам бештари маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот, пилла ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин, афзоиш додани ҳаҷми содироти он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи даврони истиқлолият дар шаҳри Исфара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 муассисаи нави таълимӣ барои 28 000 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара, аз ҷумла дар масъалаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ аз он назаррас мебошанд.

Соли 2021-ум 1400 нафар хатмкардагони мактабҳои шаҳри Исфара ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он дохил шудаанд.

Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ бояд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки бо вуҷуди тадбирҳои амалигардида дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз як қатор камбудиҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.

Аз ҷумла ҳоло дар шаҳр 2 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Иҷрои барномаҳои соҳавӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Масалан, дар доираи татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 таъсиси 19 муассисаи томактабӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ пешбинӣ шуда буд, вале то имрӯз танҳо 2 муассисаи томактабӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳр ҳамагӣ 20 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар шаҳр татбиқи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018 – 2022 то ба имрӯз ҳамагӣ 41 фоиз таъмин шудааст.

Бинобар ин, роҳбарону масъулин вазифадоранд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи маорифи шаҳр ва иҷрои босифату саривақтии барномаҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбии шаҳр беҳтар карда шуда, ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳое, ки бозори меҳнат ба онҳо талаботи зиёд дорад ва ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони шаҳр мусоидат менамояд, эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Имкониятҳои шаҳр оид ба ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ, бояд ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Ҳамчунин, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ, ки манбаи муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва афзоиш ёфтани даромади оилаҳо мебошад, диққати ҷиддӣ дода шавад.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки маҳсули заҳмати устоҳои ҳунарманди шаҳри Исфара, аз ҷумла кандакориву наққошӣ ҳоло беҳтарин иншооту биноҳои Тоҷикистонро зеб медиҳад ва берун аз кишвар низ шуҳрати зиёд дорад.

Ҳозирини муҳтарам!

Шаҳри бостонии Исфара бо Ҷумҳурии Қирғизистон сарҳади тӯлонӣ дошта, дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ миёни халқҳои ду кишвар саҳми муҳим дорад.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки барои мардуми шаҳри Исфара делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ (яъне ҳалли масъалаи сарҳадӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ман андешаҳои худро доир ба ин масъала соли гузашта дар мулоқоти дар деҳоти Ворух доиргардида возеҳу равшан баён дошта будам.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни ду кишвар гуфтушунидҳоро бо ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз карда буд.

То имрӯз дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссия аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад.

Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд.

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Бинобар ин, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара хотиррасон менамоям, ки бояд бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.

Зеро тибқи ҳикмати мардуми хирадмандамон ҳамсояро интихоб намекунанд.

Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад.

Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварии мардуми шарифи шаҳри бостонии Исфара эътимоди комил дорам.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар ҳамаи корҳои созандагӣ, хусусан, ҷавонони Исфара пешсафу ташаббускор мебошанд.

Бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ бо садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ҳамчунин, бо итминон изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини шаҳри Исфара тамоми саъю талоши худро барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 – солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нақшаи панҷсолаи рушди саноат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як хонадон равона сохта, ба дастовардҳои боз ҳам бештар муваффақ мегарданд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо саломатӣ, муваффақият ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520