Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи қаннодии ҶДММ “Баракат-Исфара” ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

17.04.2022 10:25, шаҳри Исфара
Ифтитоҳи коргоҳи қаннодии ҶДММ “Баракат-Исфара” ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона  17.04.2022

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкори бо шарикони рушд дар масоҳати 300 метри муррабаъ мутобиқ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмону навсозии бино ва насбу васли таҷҳизотро сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ мебошад.

Самти асосии фаъолияти иншооти саноатӣ коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои хуштамъи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти баландсифати шоколадӣ ва хушкмева соҳибкор иқдом гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе дар муддати як сол корхонаи  коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо технологияи муосир аз ширкатҳои бонуфӯзи Италия ва Туркия сохта ба истифода диҳад.

Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки дар як моҳ беш аз  50 тонна маҳсулот истеҳсол карда шавад.

Пас аз ифтитоҳи иншоот барои 40 нафар сокини маҳаллӣ шароити хуби корӣ муҳайё карда шуд.

Тибқи нақша маҳсулоти истеҳсолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Имрӯзҳо маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ “Баракат-Исфара” дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад. Бо ин васила маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҶДММ “Баракат-Исфара” соли 2008 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар майдони 2,4 гектар замин таъсис дода шудааст.

Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 се маротиба зиёд мебошад.

Айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.

Барои  таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад.

Баҳри истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ба саломатии инсон фоидаовар, рақобатпазир ва ҳифзу нигоҳдошти маҳсулот дар корхона озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 корхона, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ташкил медиҳад мавҷуд аст.

Дар соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 17,4 ҳазор тонна, соли 2021 32,4 ҳазор тонна ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 3,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон иқдоми наҷибонаи соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки бо бунёд ва ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар низ афзун мегардад, ки ҳамаи ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат замина мегузорад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520