Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони “Парчами давлатӣ” дар шаҳри Исфара

17.04.2022 10:22, шаҳри Исфара
Ифтитоҳи майдони “Парчами давлатӣ” дар шаҳри Исфара   17.04.2022

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони “Парчами давлатӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, парчам дар баланди 50 метр парафшон карда шуд.

Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва нишони миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, дар ниҳоди хурду бузург ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро зиёд мегардонад. Илова бар ин, бо бунёди майдони Парчами давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. 

Дар ду тарафи пояи Парчами давлатӣ фаввораҳо бунёд гардида, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинони шаҳр корҳои сабзу хуррамгардонӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ бо сифати баланд ба иҷро расонида шудааст.

Дар доираи лоиҳа намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмир карда шуд. Шабона ин мавзеъ зебову назаррабо гардида, ба макони сайру гашти сокинон табдил ёфтааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Исфара бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ба симои шаҳр ҳусни дигар зам карда шуд. Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Исфара бештар аз 500 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520