Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ дар ноҳияи Ашт

16.04.2022 10:23, ноҳияи Ашт
Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ дар ноҳияи Ашт   16.04.2022

16 апрел зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи ресмонбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 10 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, дар масоҳати 2 гектар бо таъсиси 450 ҷойи нави корӣ дар се баст пешбинӣ гардидааст.

Арзиши лоиҳавии корхонаи коркарди пахта 79,3 миллион сомониро ташкил дода, бо дастгирии Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт бунёд мегардад.

Таҷҳизоти истеҳсолии дар корхона насбшаванда аз Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар коргоҳи ҷуроббофӣ насби 200 адад дастгоҳ бо иқтидори 30 ҳазор ҷуфт дар як шабонарӯз ва беш аз 8 миллион ҷуфт дар як сол, дар назар дошта шуда, бо бунёди коргоҳ 150 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

Арзиши лоиҳавии коргоҳи ҷуроббофӣ, ки дар масоҳати як гектар бунёд мешавад, 11,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Технологияи коргоҳи ҷуроббофӣ дар асоси шартнома аз кишварҳои Олмон ва Швейтсария ворид мегардад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхона ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати ободонии диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ бо 600 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ашт дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” иқдоми арзанда маҳсуб меёбад.

Соҳибкорон нақша доранд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат пешниҳод намоянд.

 Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи калони истеҳсоли ҷуроб фаъолият дорад ва маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ивазкунандаи воридот мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520