Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ, тарабхона ва тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ашт

16.04.2022 10:20, ноҳияи Ашт
Ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагӣ, тарабхона ва тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ашт   16.04.2022

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхонаро ба истифода доданд.

Ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” ба роҳ монда шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар асоси фармоиши мизоҷон сару либоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар ин муассиса бештар ҷавондухтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Ҳаҷми сармоягузории коргоҳи дӯзандагӣ дар Маҷмааи “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Ашт 595 ҳазор сомониро ташкил дода, хати технологии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Иқтидори солонаи корхона бо истифодаи ашёи хоми дохилӣ 20 ҳазор дона либосро дар бар мегирад. Дар ин корхона 40 нафар бонувон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ин шабу рӯзҳо коргарони сехи дӯзандагӣ ба хотири таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ фармоиши муассисаҳои таълимии ноҳияро қабул мекунанд. Дар ноҳияи Ашт имрӯз 37 ҳазору 461 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба хотири таъмини мизоҷон бо сару либоси мактабӣ, кор дар ин коргоҳ ба тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 60 миллиону 525 ҳазор сомониро ташкил дод. Айни замон дар вилояти Суғд 74 адад корхонаи дӯзандагӣ амал мекунад ва давоми моҳҳои январ-феврал онҳо ба маблағи 46 миллиону 298 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро муҳим арзёбӣ карда, бобати афзоиши маҳсулот ва ҷалби зиёдтари занони хонашин ба чунин корҳои даромаднок ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи барҳавои Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”, ки мавриди истифода қарор дода шуд, бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Бӯстон ва Истиқлол, мулоқот карданд. Барои ин кӯдакону наврасон дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520