Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи асфалтбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

15.04.2022 09:11, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи асфалтбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  15.04.2022

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи асфалтбарорӣ бо технологияи замонавӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён дар масоҳати як гектар замин бунёд карда шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоту технологияи муосир 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар натиҷа боз чандин нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки технологияи корхона аз кишварҳои пешрафта ворид карда шудааст. Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лулаҳои газӣ кашида шудааст. Барои кашонидани асфалт зиёда аз 10 техникаи пуриқтидор харидорӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки ширкати ватанӣ аз соли 2007 фаъолияти худро оғоз намуда, самти фаъолияташ ба корҳои сохтмони механикӣ нигаронида шудааст. Давоми ду соли охир бошад, ҷамъият ба корҳои роҳсозӣ машғул гардида, дар ободонии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳиссаи арзанда мегузорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо бунёди корхонаҳои нав ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди регу шағал ва асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ” беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар марҳиллаи аввал музди маоши кормандони корхона ба ҳисоби миёна 1400 сомонӣ буда, минбаъд он баланд бардошта мешавад.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.

Дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият доранд. Танҳо дар давоми 8 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳҳои мошингард таърмим ва таъмири асосӣ бароварда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520