Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар шаҳри Панҷакент

14.04.2022 14:30, шаҳри Панҷакент
Ифтитоҳи Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар шаҳри Панҷакент  14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Дар иншооти нави варзишӣ, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст, 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷой кори доимӣ шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад.

Барои истифодаи варзишгарон дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба ғайр аз толорҳои машқу тамрин ҳуҷраҳои корӣ, хонаи шустушуй ва либоспӯшии мардонаю занона сохта шудааст.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи дигари бунёди иншоот оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обу тоби бадан мебошад.

Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо дарназардошти унсурҳои меъморӣ, ороишӣ хосаи замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар як нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520