Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ дар шаҳри Панҷакент

14.04.2022 12:28, шаҳри Панҷакент
Ифтитоҳи Нишони давлатӣ дар шаҳри Панҷакент   14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии нишон 23 ва қутраш 2,5 метрро ташкил дода, таҳкурсии он бо санги хорои ватанӣ оро ёфтааст. Зинапоя ва майдони назди нишони давлатӣ чароғон мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони ин муқаддасоти давлатӣ моҳи июни соли 2021 бо маблағгузории Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Су-3” - и шаҳри Панҷакент оғоз гардида буд.

Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.

Акнун майдони назди Нишони давлатӣ ба як макони зебову назаррабо ва писандидаи сокинону меҳмонони шаҳри бостонии Панҷакент табдил ёфт.

Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст, ки диқатҷалбкунанда мебошад.

Дар шаҳри Панҷакент барои истиқболи сазовори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар баробари ба ҳусни шаҳр афзудани зебоӣ, инчунин сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мешавад.

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт ба шумор меравад, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амалӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520