Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Панҷакент

14.04.2022 12:27, шаҳри Панҷакент
Ифтитоҳи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Панҷакент  14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Муҷассама дар маркази шаҳр дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарош Мансур Ҳоҷибоев бо санъати баланд омода гардидааст. 

Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Панҷакент бо дарназардошти таҳкурсӣ 12 метрро дар бар гирифта, бо сангҳои хорои ватанӣ оро ёфтааст.

Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хоса зам гардид. 

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва паймонкори он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Су-3” - и шаҳри Панҷакент мебошад.

Бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Панҷакент барои сайругашти сокинон ва меҳмонон боз як мавзеи дилфиреб фароҳам шуд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520