Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Панҷакент

14.04.2022 12:26, шаҳри Панҷакент
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Панҷакент  14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад.

Дар атрофи ин рамзи давлатӣ майдони васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон дар ин ҷо монитори калонҳаҷм барои намоиши наворҳои таблиғотӣ гузошта шудааст.

Дар майдони назди Парчами давлатӣ 5 фаввора ва 2 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 нишасткурсӣ насб гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Масоҳати 7 ҳазору 500 метри мураббаъ дар ин ҷо сабзкорӣ ва 8 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзи давлатӣ дар маркази шаҳри Панҷакент маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад.

Дувоздаҳ ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 20 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимию доимӣ аз ҷумлаи ороишоти дигари майдони Парчами давлатӣ мебошад.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҳамчунин намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр навсозӣ гардид.

Пешвои миллат ба кори анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои минбаъд саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520