Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи фермаи чорвопарварӣ дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

14.04.2022 10:09, шаҳри Панҷакент
Ифтитоҳи фермаи чорвопарварӣ дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент  14.04.2022

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Қозии шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд.

Фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Масрур Савриев бунёд карда шуда, дар он 100 сар чорво парвариш карда мешавад, ки барои истеҳсоли гӯшт пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси фермаи мазкур 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз парвариши 3-6 моҳа аллакай чорво барои забҳ омода шуда, гӯшти хушсифат истеҳсол мешавад ва барои таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ба бозорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.   

Иқтидори истеҳсолии фермаи чорвопарварӣ дар як сол то 60 тонна гӯшти хушсифат мебошад.  Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси фермаи чорвопарвариро дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ муҳим арзёбӣ карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди иншооти аграрию саноатӣ дар шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам рушд додани соҳаи чорводорӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Қобили таъкид аст, ки дар фермаи мазкур чорвои калони зоти “сиёҳ ало”, ки аз Федератсияи Русия ворид гардидааст, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории мутахассисон дар давоми шаш моҳи парвариш аз 350 то 400 килограмм вазн мегирад.

Дар баробари нигоҳубини чорвои зоти “сиёҳ ало”, дар ин ферма инчунин парвариши зотҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати фермаи мазкур 0,73 гектар аст ва барои парвариши чорвои гӯштӣ биноҳои алоҳида ва ёрирасон сохта шуда, дар онҳо бо риояи меъёрҳои соҳаи чорвопарварӣ шароит фароҳам гардидааст.

Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ферма парвариши буқаҳои зотӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки ба шароити иқлими маҳал мутобиқ мебошад. Хӯроки дурушту ширадори чорво, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва дигар намуди зироати хӯроки чорво дар заминҳои назди хоҷагиҳои ҳудуди мавзеи дашти Қозӣ кишту ҷамъоварӣ шуда, захира мегардад.

Зимни суҳбати самимӣ, чорвопарварон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди бахши чорвопарварӣ изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки минбаъд низ талош менамоянд, дар афзоиши саршумори чорво ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти аълосифат саҳмгузор бошанд.

Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳ доштани ҳудуди иншоот корҳои ободонӣ анҷом ёфта, ба масофаи 400 метр роҳ то фермаи чорвопарварӣ мумфарш карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520