Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия»

24.04.2009 15:00

Тавре маълум аст, дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама бар?у газ ва об, кам намудани талафоти онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» бо мақсади иҷрои нишондодҳои дар Паём зикргардида ҷиҳати сарфаҷӯии энергия, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ дар ҷумҳурӣ ба тасвиб расидааст.

Мувофиқи Фармон биноҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, то охири соли 2009 бояд пурра ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаранд.

Тибқи санади мазкур, аз 1 майи соли 2009 дар ҷумҳурӣ оғози гузариши саросарӣ ба истифодабарии чунин лампаҳо дар назар дошта шудааст. Роҳбарони корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд то охири соли ҷорӣ гузариши сохторҳои худро ба истифодабарии лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки то моҳи оқтябри имсол 241 ҳазор оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд. Инчунин пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд воридоти лампаҳои муқаррарӣ (тафсон) давра ба давра маҳдуд гардонида шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид оид ба воридоти лампаҳои каммасраф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.

Ба мақомоти дахлдори мамлакат супориш дода шудааст, ки оид ба фоида ва а?амияти истифодаи лампа?ои каммасрафи бар?ӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд. Мавриди зикр аст, ки дар бисёр мамлакатҳо, ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи олам ба монанди Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Хитой, Британияи Кабир, Австралия, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра аллакай аз истифодаи лампаҳои муқаррарӣ даст кашидаанд. Манъи фурӯши чунин лампаҳо аз соли 2012 дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ гардидааст. Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ на танҳо ба сарфаи пули мардум мусоидат мекунад, балки аз ҷиҳати экологӣ низ бисёр муфид аст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани истеҳсоли лампаҳои ватанӣ вазорат?ои рушди и?тисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар давоми сол?ои 2009-2011 сохта, ба истифода супоридани ду корхонаи исте?соли лампа?ои каммасрафро таъмин намоянд.

Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати дар оянда бо гази табиии истеҳсоли худӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти мамлакат, сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳо ва таҷдиди онҳо, сарфаҷӯии энергия, кам намудани талафоти нерӯи бар?, гази табиӣ ва об чораҳои мушаххас андешанд.

Дар баробари ин Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои сарфаи энергия аз ҳисоби коршиносони варзидаи соҳаҳои дахлдор комиссияи басалоҳият таъсис дода, бо мақсади кам кардани талафоти энергияи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро барои ҳафт соли оянда таҳия намояд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» иқдоми навбатии Сарвари Давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии кишварамон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520