Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли оби ҷав дар шаҳри Левакант

20.03.2022 09:29, шаҳри Левакант
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли оби ҷав дар шаҳри Левакант   20.03.2022

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли оби ҷави Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар доираи "Солҳои рушди саноат" 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин сохта шудааст.

Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Левакант дар ду баст 250 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонони соҳибтахассуси тоҷик ва бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки хати муосири технологӣ аз ширкати аврупоии (Zip Technology) харидорӣ ва дастрас гардида, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ васлу насиб гардидааст. Айни замон хатҳои истеҳсолиро пурра мутахассисони тоҷик назорат ва идора менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 ҳазор литр оби ҷав мебошад. Дар корхонаи навбунёд 14 намуди маҳсулот, аз ҷумла оби ҷави равшан, торик, шаффофшуда, ношаффоф ва оби ҷави ғайриспиртӣ бо тамъи меваҷот истеҳсол мегардад.

Ҳамчунин дар корхона истеҳсоли квас низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои пешбурди фаъолияти босамар чор мутахассиси баландихтисоси хориҷӣ, аз ҷумла технолог, сардори озмоишгоҳ ва муҳандис низ ба кор ҷалб гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкори ватандӯстро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба муассисон барои таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520